Amnesty International: милитсияи тоҷик ҳамҷинсгаронро тавтеъа мекунад

© Sputnik / Вадим Жернов / Гузариш ба медиабонкИқдоми ҳамҷинсгароён. Акс аз бойгонӣ
Иқдоми ҳамҷинсгароён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Amnesty International ба манзури Рӯзи байналмиллалии муқобала бо хушунатҳо алайҳи аққалиятҳои ҷинсӣ, ки аз он 17 май таҷлил мешавад, матлаберо дар бораи муборизаи намояндагони ин аққалиятҳо барои ҳуқуқи худ дар куллияи ҷаҳон мунташир кардааст.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Созмони ҳуқуқи инсони Amnesty International дар сомонаи худ зикр мекунад, ки мизони хушунатҳо алайҳи аққалиятҳои ҷинсӣ дар куллияи Осиёи Миёна афзоиш ёфта ва ба унвони мисол аз Тоҷикистон ном бурдааст.

Ҳабдаҳуми май, дар Рӯзи байналмиллалии муқобала бо хушунат алайҳи аққалиятҳои ҷинсӣ Amnesty International дар бораи талоши ҳамҷинсгароёни зану мард барои ҳуқуқҳои худ дар куллияи ҷаҳон матлабе мунташир кард.

Ба унвони мисол ин созмон аз панҷ кишваре ном бурдааст, ки дар миёни он Тоҷикистон низ қарор дорад.

"Пулис ҳамҷинсагроёнро тавтеъа карда таҳдид мекунанд, ки агар барояшон ришва надиҳанд аз шуғли онҳо аъзои хонавода ва ҳамкоронро огаҳ месозад. Ҳамҷинсгароёни зан дар хонаводаҳои худ мавриди хушунат қарор мегиранд ва онҳо водор месозанд, ки алайҳи хости худ издивоҷ кунанд", — омадааст дар хабар.

Ин созмони ҳуқуқи инсон аз сарнавишти ҳамҷинсгаро бо номи Комил аз Тоҷикистон қисса мекунад, ки баъд аз таҳқирҳо ва латукӯби мукаррари маъмурони пулис водор шуд, ки аз кишвар фирор кунад.

"Шумо тасаввур карда метавонед, ки тамоми умр ман бояд ба хотири зинда мондан ҳамҷинсгаро будани худро пинҳон дорам? Ман сиёсатмадор нестам. Ман инсони оддие ҳастам, ки мехоҳам каме хушбахт бошам. Ва тамом", — гуфт вай ба намояндагони созмон.

Ҳамакнун вай бо кӯмаки дӯстон зиндагии ҷадидро оғоз карда барои ҳуқуқи ҳамҷинсароён дар Осиёи Марказӣ талош мекунад.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон аз Юнон низ мисол оварда шудааст, ки дар ин кишвар соли гузашта мавориди ҳамалот бар пояи ҳуввияти ҷинсӣ ва ҳамҷинсгаройӣ ду маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар Камерун барои алоқаи ҷинсии ҳамҷинсгароӣ то панҷ соли зиндон ва ё ҷарима муқаррар шудааст ва пулис алайҳи чунин афрод аз хушунат кор гирифта онҳоро таъқиб мекунад ва дар бархе маворид онҳоро боздошт ҳам мекунад.

Латвия нахустин кишвари пасошӯравӣ хоҳад буд, ки дар он ҷо Европрайд — маросими умумиаврпоии боло бурдани ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсӣ баргузор мешавад. Дар соли 2015 ин маросим даҳсолагии баргузории нахустин прайд дар Ригаро таҷлил мекунад: он замон 70 фаъол гузаре баргузор карда риояи ҳуқуқи худро алорағми таҳдидҳои ироъаи хушунат ва ихтилофоти садҳо нафар тақозо карданд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки сокини Норвегия Ҷон Жаннет Рема Солстад, сокини 65 солаи ин кишвар мехоҳад дар асноди худ маснубияти ҷинсиро аз "мард" ба "зан" иваз кунад.

Вале ҳукумат изҳор дорад, ки вай наметавонад ин амрро то замони анҷоми табобати иҷборӣ иҷро кунад. Ин мудаво баргузории ҷарроҳиеро, ки метавонад ӯро бесамар созад, дар назар дорад. Аз ӯ ҳамчунин тақозо шудааст, ки аз бозрасии равонӣ бигзарад, зеро ҳамҷинсгароён дар ин кишвар "беморони рӯҳӣ" дониста мешаванд.

Зикр мешавад, ки Ҷон Жаннет аз анҷоми ин мудово худдорӣ карда якҷо бо фаъолони Amnesty ба манзури ислоҳи қавонин иқдоме анҷом додааст.

Лентаи хабарҳо
0