Сел 700 метр роҳро дар ноҳияи Ашт хароб кардааст

© Sputnik / Птицын / Гузариш ба медиабонкСел дар ВМКБ. Акс аз бойгонӣ
Сел дар ВМКБ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи борони сахте, ки рӯзи гузашта борид, қисме аз роҳҳои мошингард дар навоҳии Ашту Истаравшан хароб шуда, чанде аз мошинҳо низ зери обу лой мондаанд.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар Истаравшан шаш худрав зери лой монда, ҳоло кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба дунболи рафъи оқибатҳои ин офати табиианд, менависад Радиои Озодӣ.

Ба қавли сухангӯи КҲФ Ориф Нозимов,  бар асоси иттилое, ки онҳо гирифтаанд, дар Ашт тақрибан 700 метр роҳи мошингарди маҳаллӣ зарар дидааст. "Ҳарчанд дар ноҳияи Ҳисор ҳам жолаи сахт боридааст, аммо ҳоло зиёне ба қайд гирифта нашудааст",- илова кард ӯ.  

Дар ҳамин ҳол, сокинони Истаравшан аз ҳадди ақалл ба зери об рафтани 11 мошин хабар медиҳанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ин бориши сахти борон соати 13 сар шуда, дар як дам сатҳи оби сой, ки аз маркази шаҳри Истаравшан мегузарад, боло рафтааст.

Ориф Нозимов афзудааст, иттилои комил баъд аз ҷамъоварии хабарҳо аз манотиқи кишвар ироа хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0