Заминларзаи навбатӣ дар Непал: 117 нафар ҳалок шуданд

© AP / Ashwini BhatiaЗаминларзаи харобиовар дар Непал. Акс аз бойгонӣ
Заминларзаи харобиовар дар Непал. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теъдоди қурбониёни заминҷунбии такрорӣ дар Непал, ки се рӯз қабл рух дод, бештар шуд.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Шумораи ҳалокшудагон дар заминларзаи такрорӣ дар Непал ба 117 нафар расид, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар истинод ба Twitter-и Маркази миллии ҳолатҳои изтирорӣ.

Ёдрас менамоем, қаблан дар мавриди 96 қурбонии фоҷиа сухан мерафт.

Дар натиҷаи ду заминларзаи ахир дар Непал 8316 кас ҳалоку 76638 нафар захмӣ шудаанд.

Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Катманду, пойтахти кишвар, дубора баста шуд.

Хадамоти назорати геологӣ рӯзи сешанбе хабар дод, ки маркази зилзилаи нерӯяш 7,4 дараҷаи Рихтер дар 68-километрии ғарби минтақаи Навчӣ Бозор, дар байни Катманду ва кӯҳи Эверест ва дар марзҳои Чин воқеъ буд.

Непалро ду ҳафта боз заминларзаҳо такон медиҳанд. Мудҳиштарин заминларза рӯзи 25 апрел ба вуқӯъ пайваста буд, ки бар асари он беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, теъдоди зиёде маҷрӯҳ шуданд. Нерӯи он заминларза 7,8 дараҷаи Рихтер буд.

Лентаи хабарҳо
0