ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки рӯзҳои 13-14 май дар Кувайт баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд, менависад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар ин мусобиқа 210 варзишгар (129 мард ва 81 зан) аз 31 кишвар иштирок дошт. Ба ҳайати мунтахабиТоҷикистон ҳафт варзишгар шомил буд.
Ба иттилоъи манбаъ, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило пас аз ду ғалаба бар Муҳаммад Махтуб (Фаластин) ва Ислом Бозбоев (Қазоқистон), дар даври ниманиҳоӣ аз Даики Нишияма (Ҷопон) мағлуб гашт. Баъдан Комроншоҳ барои ҷойи саввум бар Хинзао Ченгаз Чин ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ қадрдонӣ гардид.
Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Кай Ҳу (Чин), дар даври дувум аз Максим Раков(Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан, ӯ бар Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ғолиб омад ва барои ҷойи саввум Рамзиддин Саидови ӯзбакистониро шикаст дода, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Ҳамин тавр, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки дар даврҳои муқаддамотӣ бар Муборак Алинезӣ (Кувайт) ва Йерҷон Шинкеев (Қазоқистон) пирӯз шуд, дар даври ниманиҳоӣ қувваозмоиро ба Юрий Краковетский (Қирғизистон) бохт. Сипас Муҳаммадмурод барои ҷойи севум аз Кента Нишигата (Ҷопон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.
Се паҳлавони дигари тоҷик Хушқадам Хусравов дар вазни зери 60 кило, Умед Абдураҳимов дар вазни зери 66 кило ва Шӯҳратҷони Фархизода дар вазни зери 73 кило баъди як пирӯзӣ дар даври дуввум аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Фарҳод Раҳимов бошад, дар вазни зери 81 кило дар аввалин қувваозмоӣаз Владимир Золоеви қирғизистонӣ шикаст хӯрд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 14 медал (6 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Кореяи ҷанубӣ (3-3-4) ҷойи дувум ва мунтахаби Муғулистон (2-2-3) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ як ҷойи панҷум мақоми 10-умро соҳиб шуд.