Шарҳи Сафорати ҶТ дар бораи куштори муҳоҷири тоҷик

Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон иттилоъи бархе аз расонаҳоро дар мавриди бурида шудани сари як муҳоҷири тоҷик бепоя хонда, фарзияи мақомоти расмиро пешниҳод кардааст.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия куштори шаҳрванди Тоҷикистон Комилҷон Ҳамдамовро шарҳ дода гуфтааст, ин куштор ҷанбаи нажодпарастӣ надорад, омадааст дар баёнияи мақомоти дипломатии ҶТ.

Навори вижа бо суханронии сухангӯи сафорати Тоҷикистон Муҳаммади Эгамзод дар шабакаи иҷтимоии Youtube ҷо дода шудааст.

Ба қавли ӯ, "ин куштор на аз ҷониби миллатгароҳои рус, балки аз ҷониби ҳамнишинони Комилҷон рух додааст".

Оқои Эгамзод мегӯяд, аз сабаби он ки сафорат маълумоти дақиқ дар ин бора надошт, аз расонаӣ кардани ин ҳодиса худдорӣ кард.

"Аммо дар шабакаҳои  иҷтимоӣ хабар пахш шуд, ки гуё ин кор аз ҷониби нажодпарастони рус амалӣ шудааст. Ин ҳодиса ҷанбаи нажодпарастӣ надорад, зеро ин ҳодиса дар сари дастархон дар ҳолати майнушӣ рух додааст. Ин сархушие,  ки шабона буд ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон оварда расондааст. Иттилои бурида шудани сари шаҳрванди Тоҷикистон аслан ҳақиқат надорад зеро тафтишот маълум кардааст ки яке аз ҳамқадаҳҳои Комилҷон ба винттобак (отвертка) куштааст, пас чанд корд ба ӯ задааст",- илова мекунад сухангӯи сафорат.   

Тибқи маълумоти расмӣ, Комилҷон Ҳамдамов, сокини 39-солаи шаҳри Турсунзодаро 3-уми май се ноболиғи сокини шаҳри Королёви вилояти Маскав аввал бо оҳан ба сараш зада, аз пой афтодаанд ва сипас латукӯб кардаву ба баданаш бо корд ва винттобак (отвертка) задаанд.

Манбаъ мегӯяд, қазияи куштори Комилҷон Ҳамдамов зеро назари Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия қарор дорад ва сафорат аз ҷониби Русия қотеона талаб мекунад, ки гунаҳкорони ин қазия дар назди қонун муҷозот шаванд.

Бародари Комилҷон, Улуғбек Ҳамдамов дар суҳбат бо намояндаи сафорат гуфтааст, ки пеш аз ин чандин бор аз Комилҷон хоста буд, то арақнушиашро бас кунад. Аммо ӯ ҳар дафъа мегуфтааст, ки ҳатман бас мекунад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Улуғбек Ҳамдамов ба расонаҳо гуфта буд, сари бародарашро буридаанд, ангуштонаш, рагҳояшро ҳама сар задаанд. Ӯ мегфт, ки бо як дидан бародарашро намешинохт.

Инчунин, пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки муҳоҷири тоҷик Комилҷон аз ҷониби нажодпарастони тоссари рус ба қатл расидааст.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, аллакай се гумонбари қатл, сокинони шаҳри Королёви вилояти Маскавро бо иттиҳоми содир кардани 9 ҷиноят, аз ҷумла қатли Комилҷон Ҳамдамов боздошт кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0