ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзи чаҳоршанбе раҳбарони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд барномаи байниниҳодии ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2017-ро имзо карданд, хабар медиҳад сомонаи ВКХ ҶТ.
Барномаи ҳамкориҳо дар пайи анҷоми музокироти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд имзо шуд. Зери ин санад Сироҷиддин Аслов ва ҳамтои ҳиндиаш Сушма Свараҷ имзо гузоштанд.
Дар ҷараёни дидор, омадааст дар сомонаи ВКХ, масоили мубрами равобити миёни ду кишвар матраҳ шудааст. Аз ҷумла ба масоили ҳамкорӣ дар умури сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомиву фаннӣ, кишоварзӣ ва умури консулгарӣ таваҷҷӯҳ шудааст.
"Раҳбарони ВКХ Тоҷикистон ва Ҳинд дар атрофи масоили амнияти минтақавӣ, аз ҷумла дар бораи авзоъ дар Афғонистон табодули назар карданд", — омадааст дар хабари ВКХ.
Ба ҷуз аз ин, музокироти доманадоре дар мавриди ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ, сурат бигирифт.
"Ҷонибҳо сатҳи феълии равобити миёни Тоҷикистон ва Ҳиндро мусбат арзёбӣ карданд", — зикр мекунад ВКХ кишвар.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафари худ ба Ҳинд Сироҷиддин Аслов рӯзи чаҳоршанбе бо мушовири умури амнияти миллии Ҳинд Аҷит Довал дидор дошт. Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар атрофи вазъ дар минтақа ва бархе аз масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар умури дифоъ ва амният изҳори назар карданд.