“Истиқлол” дастаи “Аҳал”-ро ро шикаст дода ба 1/8 финал баромад

© Официальный сайт ФФТБозии "Истиқлол" ва "Ал-Қодсия"
Бозии Истиқлол ва Ал-Қодсия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии ин ду тим шоми гузашта дар ҳузури 12 ҳазор тамошобин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки бар "Аҳал"-и Туркманистон бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 роҳ ёфт, иттилоъ медиҳад сайти Федератсияи футбол.

Ба иттилоъи манбаъ, ин бозӣ шаби чаҳоршанбеи 13 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури беш аз 12 ҳазор мухлис хеле шавқовару пуршиддат сурат гирифт. Ду голи "Истиқлол"-ро Манучеҳр Ҷалилов зад. Ду голи дигарро Хуршед Маҳмудов ва Бледа Родригес ба самар расонданд. Як голи дигари "Истиқлол"-ро Раҳмат Шерматов, бозигари "Аҳал",  ба дарвозаи дастааш зад.

Голҳои "Аҳал"-ро Мамедалӣ Караданов, капитани "Аҳал" ва Олтимурод Аннадурдиев ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи "С" "Ал-Қодсия"-и Кувайт дар майдони худ аз "Эрбил"-и Ироқ бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд, ки ин натиҷа ба нафъи "Истиқлол" шуд.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии шаш даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи "С" "Истиқлол" бо 11 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 12-8) мақоми аввалро касб кард. Дастаи "Ал-Қодсия" бо 10 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 7-6) ҷойи дуюм ва "Эрбил" бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 8-8) ҷойи сеюмро гирифтанд.

Ҳамин тавр, "Истиқлол" дар даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе​ бо дастаи "Ал-Ваҳда"-и Сурия, ки бо 11 имтиёз дар гурӯҳи "А" дувум шуд, вориди рақобат мешавад. Ин барои нахустин бор аст, ки як дастаи футболи Тоҷикистон ба ҳаштякфинали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳ меёбад.

Лентаи хабарҳо
0