Ҳусни Муборак озод шуд

© AP / Amr NabilҲусни Муборак. Акс аз бойгонӣ
Ҳусни Муборак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алорағми ҳукм дар мавриди фасод, ки ба Ҳусни Муборак рӯзи шанбе эълом шуд буд, ба раиси ҷумҳури собиқи Миср замони дар боздоштгоҳ қарор доштанаш мансуб дониста шудааст.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Раиси ҷумҳури собиқи Миср Ҳусни Муборак аз боздошт озод шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раҳбари ниҳоди умури зиндонҳои ин кишвар Ҳасан Сухагӣ.

Алорағми ҳукм дар мавриди фасод, ки ба Ҳусни Муборак рӯзи шанбе эълом шуд буд, ба раиси ҷумҳури собиқи Миср замони дар боздоштгоҳ қарор доштанаш мансуб дониста шудааст.

Рӯзи шанбе додгоҳи Коҳира Ҳусни Муборак ва ду писарашонаш Алӣ ва Ҳамалро дар муҳокимаи такрорӣ ба иттиҳоми фасод ба се соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Дар расонаҳои маҳаллӣ аз ин бобат ба унвони "парвандаи қасрҳо" ном бурда мешуд.

Додситонии кулл моро огаҳ сохт, ки раиси ҷумҳури собиқ мӯҳлати ҳукми худро комилан адо кардааст, зеро замони дар боздоштгоҳ қарор доштанаш дар ин парванда мансуб дониста шудааст", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз рӯзномаи "Ал-Аҳрам".

Ҳалокати беш аз 10 нафар дар Миср дар пайи тирпарронӣ

Ҳасан Сухагӣ зимни тавзеъи тасмими додгоҳ зикр кард, ки Ҳусни Муборак "дар парвандаҳои дигар шарик нест ва ба ин далел озод карда шуд".

Вале писаронаш замчунон дар боздошт қарор доранд.

Раиси ҷумҳури собиқи Миср ва писаронаш тибқи таҳқиқот 125 миллион фунтҳои мисрӣ (ҳудуди $18 миллион), ки аз будҷаи Миср барои бозсозии қасрҳои раиси ҷумҳур ихтисос дода шудаанд, ба сирқат бурдаанд. Ва ин маблағ ба эътиқоди бозрасон барои сохтмон ва ороиши қасрҳо ва дафотири хусусии хонаводаи Муборак истифода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0