Мусобиқаи ҳалқавии автомобилҳо бо чархҳои махсус дар Аврупо таҳти унвони Гран-При оғоз гардида буданд, аммо оғози ҷанг дар соли 1941 ба баргузории мусобиқа халал расонд.
Ҳамин тавр, аввалин мусобиқаи "Формула-1" рӯзи 13-майи соли 1950 дар шоҳроҳи Силверстоун (Британияи Кабир), ки дар фурудгоҳи низомӣ воқеъ аст, баргузор гардид. Аз он вақт ба ин сӯ, аз сабаби маъруфияти зиёди ин мусобиқа он номи "пойгаи автомобилии шоҳона"- "Формула-1"-ро ба худ ихтисос додааст.

1/10
© AP
Мусобиқаи ҷаҳонии "Формула-1" ҳамин тавр шурӯъ шуд: варзишгари итолиёӣ Ҷузеппе Фарина дар фурудгоҳи ҳарбии Британияи Кабир мошин меронад.

2/10
© AP / Heinrich Sanden jr.
Гран-При дар соли 1959 дар Олмон

3/10
© AP
Майк Хэйлвуд дар мошини варзишии Феррари соли 1968. Аз ин сол шурӯъ карда дар мошинҳо коғазҳои махсуси рекламаро насб мекарданд.

4/10
© AP / Daniel Maurer
Михаэл Шумахер,ки дар мусобиқаи "Гран-при Европа" дар соли 2002 мақоми дуввумро ишғол кард, нақлиёти ғолиб- Рубенс Барикеллоро бо шампон мешӯяд.Ин анъана аз рӯзҳои аввали мусобиқа аз соли 1950 миёни варзгарон расм шудааст.

5/10
© AP / Roland Weihrauch
Яке аз лаҳзаҳои "аҷиб"-и мусобиқа. Вақте чархи мошинро иваз кардан зарур мешавад.

6/10
© AP / Thomas Kienzle
Садама аснои Гран-при дар соли 2001 дар Олмон. Пас аз сонеҳа ва марги фоҷиавии Айртон Сенна ва Роланд Ратсенбергер дар соли 1994 (Гран-При, Сан-Марино)дар низомномаи мусобиқа тағйироти чашмрас ворид гардида, бехатарии варзишгарон таҳти назорати махсус қарор гирифт.

7/10
© AP / Roberto Pfeil
Гран-при Германии в 1997 году. В самом начале существования "Формулы-1" немецкие гонщики были отстранены на 10 лет от гонок ввиду поражения Германии. Но в истории королевских автогонок немецкие гонщики одни из лучших

8/10
© AP / Luca Bruno
Михаэл Шумахер - яке аз беҳтарин варзишгарон дар ин навъи мусобиқа аст. Ӯ ҳафт маротиба қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи пойгаи автомобилӣ гардида, исмаш рамзи сабқатҳост.

Соли 1983, шоҳроҳи АЗЛК. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ мусобиқаи мазкур ҳеч гоҳ баргузор нашудааст, ҳарчанд гуфтугӯҳо зиёд буданд.

Дар Русия ҳанӯз ин навъи мусобиқа баргузор нашудааст. Ҳоло дар Сочи шароити мусоид барои баргузории ин навъи сабқат вуҷуд дорад.