ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин фармонҳо дар бораи афви ду корманди собиқи корхонаи дифоъии "Востокредмет", ки дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан барои 22 сол маҳкум ба зиндон шудаанд, имзо кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Инҳо Александр Ботов ва Александр Бобошин ҳастанд, ки дар қатори мақомоти дигари баландпояи корхонаи "Востокредмет", воқеъ дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, дар моҳи октябри соли 2009 ба иттиҳоми "хиёнат ба ватан" ва "сӯйистифода аз мақоми хидматӣ" ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Тибқи ин парванда ҳамчунин мудири корхона Шавкат Бобоҷонов ва мудири амнияти дохилӣ Матин Зиёев ба 10 солӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд. Александр Ботов ва Александр Бабошин ба 22 солӣ маҳкум шуда буданд. Тибқи ин парванда маҳкуми панҷум шаҳрванди Ӯзбекистон Виссарион Тен буд, ки барои ҷосусӣ ба суди кишвари дигар барои 20 сол равонаи зиндон шуда буд.
Ҳамаи онҳо дар моҳи июни соли 2009 аз сӯйи ниҳодҳои амниятии вилояти Суғд боздошт шуда буданд.
Ботов ва Бабошин шаҳрвандии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русияро доштанд ва ба ин далел баъд аз адои мӯҳлате аз ин ҷазо барои идомаи адои мӯҳлати ҷазо ба Русия истирдод шуданд.
"Востокредмет" аз сӯйи вазорати саноъати атомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1945 барои истихроҷ ва коркарди маъодини атомӣ дар шимоли Тоҷикистон таъсис шуда буд. Ин муъассиса дорои чанд кон, корхонаи таҷҳизотӣ, озмоишгоҳи бузург ва маркази илмиву пажӯҳишии таҷҳизоти фаннӣ ва электронӣ аст. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ корхона ба фалаҷӣ рӯбарӯ шуд, аммо ахиран чанд кишвари хориҷӣ ба "Востокредмет" тавваҷӯҳ зоҳир мекунанд.