ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Хушдил Қурбонов, хонандаи Мактаби байналмилалии Душанбе, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон хонда, ба масъулин дастурҳои ғайриқонунӣ медодааст, дар воқеъ шарикдарси Сомони Эмомалӣ будааст, менависад хабаргузории "Озодагон".
Ба иттилои манобеи хабаргузорӣ, Хушдил Қурбонов, аз пайвандони Анвар Қурбонов, раиси Корхонаи нассоҷии тоҷик ё "Текстил" аст.
Бо назардошти он ки Қурбонови ноболиғ гуноҳашро пурра иқрор кардааст ва ҳодисаи гирифтани маблағ моҳи август — сентябри соли 2014 сурат гирифтааст, дар назар аст, нисбаташ қонуни афв татбиқ гардад.
Қаблан, Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти як хонандаи Мактаби байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба ивази маблағҳои ҳангуфт ба масъулин дастурҳои ғайриқонунӣ медодааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалӣ бо хешовандаш — Ҷӯрахон Холов бо мақсади қаллобӣ ва ба даст овардани фоидаи муфт, ба боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабов даромада, барои ҷудо намудани 30 ҳисса замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи Рӯдакӣ аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд.
Баъдан онҳо ба Раҷабов Маҳмадризо гуфтаанд, ки барои гирифтани замин ба масъул Маҷидов Сабзалӣ муроҷиат кунад ва афзуданд, ки онҳо ба Маҷидов Сабзалӣ барои ҷудо намудани замин тариқи телефон дастур хоҳанд дод.
Вале Сабзалӣ Маҷидов дар интиҳо "дастурҳои" Қурбоновро сарфи назар кардааст.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.