Ба манзури Рӯзи хонавода дар Душанбе консерти бузург баргузор мешавад

© Sputnik / Фируз УмарзодаКонсерти қабл аз солинавӣ дар Душанбе
Консерти қабл аз солинавӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консерт бо ширкати гурӯҳҳои ҳунарии “Шамс”, “Авесто”, овозхонҳо Парвин Юсуфӣ ва Зайнура Пӯлодова, ки дар Тоҷикистон саршинос ҳастанд, дар боғи “Пойтахт” баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Консерти бахшида ба Рӯзи байналмиллалии хонавода рӯзи 15 май дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, омадааст дар огоҳиномаи Тарҳи ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон (PDV).

Дар ин консерт овозхонҳои саршиноси эстрадӣ Зайнура Пӯлодова, Парвин Юсуфӣ, Рейн 104, гурӯҳи "Шамс" ва "Авесто" ва ҳамчунин гурӯҳи рақсии "Падида" ширкат карда ва он дар боғи "Пойтахт" баргузор мешавад.

“Соли оила” эътибори қонунӣ пайдо кард

Ба барномаи ҷашнӣ, ба гуфтаи мубтакирон, ҳамчунин баргузории озмунҳои мухталиф бо ҷоизаҳо дар назар аст.

Дар Тоҷикистон соли 2015 соли Хонавода эълом шудааст. Дар ин бора раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармони зирабтро 3 феврали соли ҷорӣ имзо кард. Чунин пешниҳодро раҳбари кишвар 23 январ дар пайёми худ ба порлумон матраҳ кард. Дар ин пайём вай ба масоили ниҳоди хонавода дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда ва зикр дошт, ки дар кишвар мушкилоте дар ин замина, аз ҷумла мушкилоти никоҳи хонаводагӣ, вуҷуд доранд.

Лентаи хабарҳо
0