Боздошти донишҷӯ дар Душанбе бо ним кило симоб

© Sputnik / Сергей ВенявскийБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони пулиси пойтахт аз донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳо ҳудуди ним килограмм симоб мусодира карданд ва худи ин ҷавон ба иттиҳоми қочоқи маводи химиявии зарарнок боздошт шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Сокини 21 солаи шаҳри Душанбе дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Пирӯзӣ ба иттиҳоми қочоқи маводди химиявии махсусан зарарнок боздошт шудааст, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Аз боздоштшуда ба иттилоъи ин вазоратхона, ки донишҷӯйи бахши севвуми яке аз донишгоҳҳои пойтахт мебошад, зимни кофтукоби шахсӣ як зарфи пластикӣ бо моеъи ранги фузулотӣ пайдо ва мусодира шудааст.

"Ташхис собит кард, ки маводди мусодирашуда симоб мебошад. Вазни умумии ин маводди химиявӣ 486,2 грамм аст", — омадааст дар хабари вазоратхона.

Дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0