Ин маросим аз гулгузорӣ оғоз шуд. Зери навои оркестри низомӣ раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди оташи абадӣ гулчанбар гузошт. Сипас ин амалро вузаро, намояндагони ниҳодҳои низомиву интизомии Тоҷикистон ва ҳамчунин созмонҳои куҳансарбозону ҷамъиятӣ анҷом доданд.
Дар суханронии табрикии худ раиси ҷумҳури кишвар аҳамияти таҷлили ин ҷашнро дар робита ба даргириҳо ва ноамниҳои ахир дар бархе аз нуқоти ҷаҳон таъкид кард. Вай ҳамчунин зикр кард, ки "авоқиби даҳшатноки ин ҷанг то ҳол дар қалби мардум дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ эҳсос мешаванд".
Баъд аз дақиқаи хомӯшӣ ба хотири гиромидошти кушташудагон дар Ҷанги Бузурги ватанӣ гузари ҷашнӣ шурӯъ шуд.
Дар маҷмӯъ дар ин гузар беш аз ду ҳазор нафар низомиёни куллия ниҳодҳои низомии Тоҷикистон бо шумули ВКД ва Гвардияи миллӣ ширкат карданд. Ҳамчунин низомиёни пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон низ дар ин гузар ҳузур доштанд.
Шодии куҳансарбозон бо ашкҳо дар чашмон, суханони сипос барои қаҳрамонии онҳо дар солҳои ҶБВ, ин ҳамаро сокинон ва меҳмонони пойтахт диданд.