Cоли хонишро муваффақиятнок гузаронида, ба соли оянда хуб тайёрӣ бинем
Бисёр мактабҳои республика дар замони ҷанги бузурги ватанӣ кори худро тамоман аз нав ба роҳ монда, дар масъалаи баланд бардоштани сифати хониш ва тарбияи талабагон муваффақиятҳои бузург ба даст дароварданд.
Аз тарафи талабагон аз худ карда шудани дарс дар чоряки дуюм нисбат ба чоряки якум зиёда аз 7 протсент афзуд. Чунин муаллимоне кам нестанд ки дар кори таълиму тарбия намунаҳои хуб нишон медиҳанд, дарсро нағз мегузаронанд, мавзӯи дарси худро бо материалҳои вазъияти замони ҳозира хуб вобаста мекунанд.
Мактабҳои республика дар масъалаи пахтачинӣ, металлпорағундорӣ, ҷамъоварии маблағҳо ба фонди мудофиаи мамлакат, либоси гарму тӯҳфаҳо барои ҷанговарони Армияи Сурх кори бузурги ҷамъиятӣ гузаронданд.
Районҳои Кировобод, Қӯрғонтеппа, Микоянобод, Ромит, Шаҳритуз, шаҳри Сталинобод ва дигарон асосан бачагони синни мактабиро бо таълим фаро гирифтаанд.
Дар қатори муваффақиятҳо дар кори матабҳо ва дар кори роҳбарии мактабҳо камбудиҳои калон мавҷуданд. Ин камбудиҳо асосан аз он иборатанд ки як қисми талабагон дарсҳоро аз худ накардаанд, дар як қатор районҳо бачагони синни мактабӣ қатъиян бо таълим фаро гирифта нашудаанд, як қисми калони талабагон мактабро бесабаб тарк кардаанд, дар бисёр мактабҳо иштироки талабагон ба дарс кам шудааст, корҳои методӣ дар мактабҳо ба дараҷаи ғайриқаноатбахш мебошад. Дар тайёрии ҳарбӣ-физкултурии талабагон камбудиҳои калон дида мешавад — роҳбарони ҳарбӣ ба дарс хуб тайёрӣ намебинанд, аксар вақт онҳо бе конспект дарс мегузаронанд.
Коркунони шӯъбаҳои рафонии маорифи халқӣ ба мактабҳо раванд ҳам, ба сифати кори директорон, мудирон ва муаллимон кам аҳамият медиҳанд. Тафтиши иҷрои корро вазифаи асосӣ намедонанд…
…Ҳамаи коркунони маорифи халқӣ бояд тамоми қувваи худро барои муваффақияток ба охир расонидани соли таҳсил ва ба тайёрии соли хониши нав сафарбарӣ намоянд. Онҳо бо ин корашон вазифаи худро дар шароити ҷанги бузурги ватанӣ дар назди ватан иҷро хоҳанд намуд.
Салбиев. Ҷонишини Комиссари Халқии Маорифи РСС Тоҷикистон.
("Тоҷикистони сурх", моҳи майи соли 1942)