Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросимҳои ҷашнӣ бахшида ба 70-солагии Пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги Ватанӣ рӯзҳои 9 ва 10 май дар Маскав барпо мешаванд.

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Барои ширкат дар таҷлил аз 70-солагии Пирӯзи бар фашизм, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 8 май ба Маскав сафар кард, менависад сомонаи расмии президент.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе раисҷумҳурро раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тантанаҳои ҷашнӣ дар шаҳри Маскави Русия рӯзҳои 9 ва 10 май идома мекунанд. Барои ширкат дар паради ҳарбӣ 100 афсари тоҷик ҳам ба Маскав сафар кардаанд. Ҳамчунин шуморе аз ширкатдорони Ҷанги бузурги Ватанӣ барои дидани маросимҳои ҷашнӣ ба Маскав даъват шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0