Вале оғози ҷанги вай аз таърихи ҳамрустоёнаш фарқ мекард: дар муқоъиса аз дигарон, вай водор шуд, ки барои ҳаққи дифоъи Ватан талош бикунад.
Бо гирифтани даъватнома вай аллакай дар бораи қаҳрамониҳояш тасаввур мекард, вали пизишкон изҳор доштанд, ки ба далели вазъи саломатиаш вай барои хидмат дар артиш корношоям аст.
"Ман хеле сахт озурда шудам, вале қасди даст афшонданро надоштам. Охир ҳамаи дӯстонам ба набард мерафтанд, ман чӣ, дар хона менишинам? Албатта, не. Ин талоши маро як сарҳанг пайхас кард ва бо иҷозаи вай ман базудӣ дар Маҷористон шудам", — қисса мекунад куҳансарбоз.
То соли 1945 ман ба унвони сарбози қатории Артиши Сурх Маоҷристону Чехословакияро аз олмониҳо озод карда то рӯдхонаи Элба расидам. Шоми 8 май дар он ҷо ман аз таслими Гитлер огаҳӣ ёфтам.
"Албатта, хушҳолии маро канор набуд. Ва зуд ҳамаи душвориҳои пасисаршуда фаромӯш шуданд: маҷрӯҳиҳо, гуруснагӣ, хатарот… Ва вақте сипоси Сталинро дар Майдони сурх шунидем, аз заҳмати худ боифтихор шудем", — мегӯяд Мадулло Сафаров.
Вале куҳансарбоз ба хонааш зуд барнагашт. Вай дар набардҳо дар Муғулистон, Чин ва Ҷопон ширкат кард. Фармони анҷоми хидмати низомиро Сафаров танҳо соли 1950 гирифт.