ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Созишнома дар бораи таъмини амнияти иттилоъотии байналмиллалӣ дар зудтарин фурсат миёни Русия ва Чин имзо хоҳад шуд, хабар медиҳад сомонаи ҳукумати Русия.
Девони вазирони Русия тасмим дар бораи ҳамкории Русия бо Чин дар заминаи амнияти иттилоъотиро тасвиб кард.
"Созишнома вуҷуди хатароти аслиор таъйид карда наҳваи асосӣ, шакл ва раванди ҳамкориҳо дар ин заминаро мушшахас мекунад", — зикр шудааст дар созишнома.
Тавзеъ дода шудааст, ки ин санад бозгӯйи манофеъ ва мавзеъи Русия дар заминаи таъмини амнияти байналмиллалии иттилоъотӣ буда ҳамкориҳои стратегии миёни Русия ва Чинро тақвият мебахшад ва имзои он ба рушди ҳамкориҳои судовари миёни ФР ва Чин мусоъидат мекунад.