ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи роҳандозии "телефони эътимод" хабар дод, менависад сомонаи ин ниҳод.
Акнун зимни пайдо шудани мушкиле дар арсаи маъориф ҳар шахс метавонад тавассути шумораи 227-76-86 занг зада дар бораи он хабар бидиҳад.
Вазорати маориф ва илм ҳамчунин аз шаҳрвандони кишвар дархост кардааст, ки ба мавориди фасод дар муъассисоти омӯзишии кишвар таваҷҷӯҳ карда дар бораи онҳо сареъан тавассути "телефони эътимод" ё ба сомонаи ин ниҳод хабар бидиҳанд.