Марзбонӣ: толибон дар қаламрави тоҷикистонии марз нестанд

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкДар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ахбори бархе аз расонаҳои Афғонистон дар бораи аз марз убур кардани гурӯҳи бузурги ҷангиёни ҷунбиши “Толибон” ба қаламрави Тоҷикистонро такзиб карданд.

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Раёсати нерӯҳои марзбонии Комитети давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоеъот дар бораи ҳузури гурӯҳи толибон дар қаламрави тоҷикистонии ҷангалзори марз бо Афғонистонро такзиб кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Қаблан расонаҳои Афғонистон бо истинод ба манобеъи ҳукумати вилояти Тахори Афғонистон хабар доданд, ки дар минтақаи ҷангалзори марзи ду кишвар ҷангиёни "Толибон" пайдо шудаанд, ки дар пайи фишори нерӯҳои давлатии Афғонистон ба ин минтақа ақабнишинӣ кардаанд.

Сафири ИМА бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон чизе таҳдид намекунад

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар мусоҳиба бо Озодӣ ин шоъеотро такзиб карда зикр кард, ки амалиёти низомӣ дар вулусволии ҳаммарзи Имом Соҳиб дар вилояти Қундуз идома дорад ва ҷангалзоре, ки ҷангҷӯёни Толибон дар он панаҳ бурдаанд, дар қаламрави Афғонистон воқеъ аст.

Вай таъкид кард, ки нерӯҳои марзбонӣ вазъ дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистонро пайваста назорат мекунанд ва феълан барои Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад.

Лентаи хабарҳо
0