Дар Ироқ ҷангҷӯёни “ДИ” барои фармондеҳонашон меҳмонсаро боз карданд

© AP / Khalid MohammedСарбозони ироқӣ дар атрофи шаҳри Тикрит алайҳи ҷангҷӯёни "ДИ" шиор мебароранд
Сарбозони ироқӣ дар атрофи шаҳри Тикрит алайҳи ҷангҷӯёни ДИ шиор мебароранд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Утоқҳои боҳашамат, майдончаҳои теннисбозӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ дар хидмати фармондеҳони олирутбаи гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ”, ки бо корҳои худ ба вилояти Найнава меоянд, қарор мегиранд.

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" меҳмонхонаи боҳашамат дар шимоли Ироқро, ки барои пазироии фармондеҳони худ пешбинӣ шудааст, бозсозӣ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии Press TV.

"Рӯзи сешанбе дар шабакаҳои интернетӣ аксҳои бинои собиқи меҳмонхонаи Ninawa International Hotel, ки ба манзури пазироии фармондеҳони олирутбаи ҷангҷӯён бозсозӣ шудааст, ба намоиш гузошта шуданд", — менависад хабаргузорӣ.

Дар меҳмонхона фармондеҳони саҳроӣ, ки ба Найнава аз манотиқи атроф меоянд, пазироӣ мешаванд. Баландии бино 11 табақа аст ва дар онҳо 261 утоқ ҷоқеъ буда меҳмонхона ҳамчунон майдончаҳои теннисбозӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ дорад.

Раҳбарони ҷангҷӯён исми меҳмонхонаро ба Waritheen иваз кардаанд, ки ба забони арабӣ ба маънии "меросгарон" аст.

Гурӯҳи тундравӣ "Давлати исломӣ" умдатан дар қаламрави Сурия ва Ироқ фаъол аст. Ин созмон соли 2006 таъсис шудааст. Тибқи иттилоъи ахири Шӯрои амнияти СММ, феълан беш аз 25 ҳазор нафар аз 100 кишвари ҷаҳон дар даргириҳо дар Сурия ва Ироқ мушорикат доранд.

Моҳи августи соли 2014 ИМА дар симмати эътилофи байналмиллалӣ алайҳи "ДИ" амалиёти низомӣ оғоз кард. Дар ҳашт моҳи аввали ин амалиёт, тибқи иттилоъи вазорати дифоъи ИМА, гурӯҳ дар Ироқ назорат бар масоҳати аз 13 то 17 ҳазор километри муррабаъро аз даст дод. Ҳамзамон мавқеъи ин гурӯҳ дар Сурия тақрибан тағйир наёфтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0