Бозсозии ҳамлаи таърихии кӯҳи Сапун 7 майи соли 1944 дар Севастопол

Обуна шудан
Бозсозии ҳамлаи таърихии кӯҳи Сапун дар соли 1944 дар Севастопол ба манзури 71-мин солгарди озодии шаҳр аз ғасбгарони Олмони нозӣ сурат гирифтааст. Дар ин навори видеоӣ бубинед, ки дар майдони набард чӣ рух медод.

Зимни ҳамлаи Артиши Сурх ба кӯҳи Сапун 7 майи соли 1944 шаш ҳазор нафар кушта шуданд, 126 нафар низомиён бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуданд. Бо ғасби ин кӯҳ раванди озодсозии Севастопол аз олмониҳои нозӣ оғоз шуд.

Ба суфуфи Осорхонаи миллии мудофиъаи қаҳрамонона ва озодсозии Севастопол намои "Дифоъи Севастопол дар солҳои 1854-1855", диорамаи "Ҳамла ба кӯҳи Сапун 7 майи соли 1944", Манораи дифоъии қурғони Малахов, Калисои Владимир — маҳалли дафни адмиралҳои саршинос, осорхонаи маскани муборизони баҷоии Севастопол дар солҳои 1942-1944, намоишгоҳҳо шомиланд. Вай соли 1960 таъсис шуда ҳамасола аз он беш аз 500 ҳазор нафар дидан мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0