Зилзила дар Непал – теъдоди қурбониён аллакай 7,5 ҳазор нафар

© AP / Bernat ArmangueЗилзилаи фоҷиъабор дар Непал
Зилзилаи фоҷиъабор дар Непал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Непал умури наҷоти осебдидагони зилзилаи фоҷиъабор идома дорад ва теъдоди қурбониёни он ҳамарӯза афзоиш меёбад.

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Теъдоди қурбониёни офати табиъӣ дар Непал ба 7,5 ҳазор нафар расид, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ВКД кишвар.

То ҳол иттилоъ дода мешуд, ки теъдоди қурбониён 7365 нафар ва 14366 нафар захмиҳо мебошанд.

Лаксми Дхакал, корманди ВКД Непал хабар дод, ки 57 нафар қурбониён атбоъи кишварҳои хориҷӣ мебошанд ва 112 нафар хориҷиҳо беномунишон шудаанд.

Раҳбари раёсати ҷаҳонгардии Непал Рамеш Адхикари иттилоъи қаблан паҳншуда, ки гӯиё дар боғи дар миёни ҷаҳонгардон маъруфи Лангтанг ҳудуди як ҳазор нафар нопадид шудаанд, бепоя хонд.

"Ба иттилоъи мо, аз 15 то 25 апрел дар Тангтанг 558 нафар ҷаҳонгард буд. Бархе аз онҳо наҷот дода шуданд ва мо то ҳол омори умумии ҷаҳонгардонро дақиқи мекунем", — изҳор дошт Адхикари.

Ёдовар мешавем, ки 29 апрел аз Непал ба Москав тавассути ҳавопаймои вазорати умури изтирории Русия ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон бо шумули ду ноболиғ мунтақил карда шуданд.

Зилзила бо шиддати 7,9 дараҷа субҳи 25 апрел дар Непал рух дод. Маркази ин зилзила дар 82 километрии шимолу ғарби пойтахти кишвар шаҳри Катманду воқеъ буда маркази аслии он дар умқи 15 километрӣ воқеъ буд. Баъд аз як рӯз дар Непал зилзилаҳои такрорӣ рух доданд, ки шадидтаринаш 6,7 дараҷа буд.

Лентаи хабарҳо
0