То тамрини ниҳоии гузари низомии Пирӯзӣ танки Т-14 бо тӯпи болояш чатрбаста меомад, аммо дар тамрини ахир танк комилан боз ҳозир шуд. "Армата" дар гузари низомии 9 май дар ҷашни 70-мин солгарди Пирӯзӣ "нуктаи аслӣ" хоҳад шуд. Гузашта аз ин, дар Рӯзи Пирӯзӣ дар майдони Сурх беш аз 16,5 ҳазор низомиён ва ҳудуди 200 адад васоили фаннии низомӣ пайдо мешаванд, зикр мекунад хабаргузорӣ.
Танки русиягии "Армата" тибқи зарфиятҳои фанниву амалиаш аз куллияи ҳамтоёни ғарбиаш пешсаф аст, менависад Ассошиэйтед Пресс.
Вижагии аслии танки Т-14 "Армата" —тӯпхонаи бидуни сарнишин аст: низомиён аз тӯпи танк ба сурати фосилавӣ аз дохили ҷузъи зиреҳпӯш танзим мекунанд. Ин танк бо таҷҳизоти беҳамтои назоратӣ муҷҷаҳаз мебошад ва метавонад ҳамзамон то 40 нишони заминӣ ва 25 нишони фазоиро дар фосилаи 100 километр таҳти назорат дошта бошад.
Қаблан вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу изҳор дошта буд, ки гузари низомӣ ба хотири таҷлил аз 70-мин солгарди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳама густурда ва беҳамто дар таърихи навини Русия хоҳад буд. Ба гуфтаи вай, бахши аслии васоили фанниву низомие, ки 9 май ба намоиш гузошта мешаванд — навъҳои муъосир ҳастанду то ҳол касе онҳоро надидааст.
Барои бори нахуст дар майдони Сурх ҷадидтарин наъвҳои васоили фании артиши ҳавоиву чатрбозон БМД-4М ва зиреҳпӯши гуногунҳадафи "Ракушка" ва ҳамчунин муҷтамаъи мушакии заминиву ҳаракаткунандаи "Ярс" ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамзамон дар суфуфи васоили фаннӣ зиреҳпӯшҳое гузар мекунанд, ки намунаҳои таҷҳизоти оянда ҳастанду бар пояи "Армата", "Курганетс", "Бумеранг" таҳия шудаанд.
Гузари низомӣ бо парвози ҳавопаймоҳои артиши ҳавоии Русия анҷом меёбад. Дар суфуфи он чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ, борбар, ҳавонавардии дур, аз ҷумла чархболҳои Ми-35, "Ансат-У", Ми-28Н, ҷангандаҳои Су-30, Як-130, бомбпартовони Су-34, Ту-22МЗ, Ту-95 ва Ту-160 ба намоиш гузошта мешаванд.