Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон барканор шуд

© SputnikБинои Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур. Акс аз бойгонӣ
Бинои Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зафар Азиззода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон аз мақом барканор ва ба мансаби Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шудааст.

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми май Зафар Азиззодаро аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи кишвар барканор карда, ба мақоми сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президент таъин кардааст, менависад сомонаи раисҷумҳур.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Муродзода Дустмурод Ҳайит раиси нави Шӯрои адлия таъин шудааст. То ҳол Дустмурод Муродзода раҳбарии Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Лентаи хабарҳо
0