Шӯҳрат Қудратов ба зиндон мунтақил шуд

© Страница Ш. Кудратова в Facebook / Гузариш ба медиабонкШӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонуми вакили дифоъи маҳкумшудаи Шӯҳрат Қудратов, ки моҳи гузашта аз боздоштгоҳ ба зиндон мунтақил шуда буд, иддаъо дорад, ки вазъи шавҳараш хуб аст.

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Вакили мудофеъ ва ҳуқуқдони маҳкумшуда Шӯҳрат Қудратов баъд аз 9 моҳи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ ба зиндони шумораи 3 шаҳри Душанбе мунтақил шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

"Барои дидор бо вай дар зиндон ба мо иҷоза немдиҳанд, вале хонумаш бо ӯ дар он ҷо дидор кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳолаш хуб асту побарҷо мебошад. Камтар аз як моҳ аст, ки дар зиндон қарор дорад", — хабар дод бародари вакили дифоъ Замир Қудратов.

Интиқоди СҲБ аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов

Дар моҳи январ додгоҳи пойтахт Қудратовро ба 9 соли зиндон барои талоши додани ришва ва тақаллуб равонаи зиндон кард. Дар моҳи март Додгоҳи олӣ мӯлати ҷазоро то 3,8 сол кӯтаҳ кард. Ҷазо барои тақаллуб ба ҷаримаи 87 ҳазор сомонӣ иваз карда шуд.

Вакили мудофеъ дар моҳи июли соли гузашта аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасод боздошт шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0