Олмон геологҳои тоҷикро ба кор бо таҷҳизоти муъосир омӯзиш медиҳад

Обуна шудан
BGR дар чорчӯби тарҳи “Манобеъи зеризаминӣ барои рушди Тоҷикистон” барномаи вижаеро барои ҳисоби захойире таҳия кардааст, ки барои ҷалби сармоягузорон барои иҷрои истихроҷи захойири аз лиҳози иқтисодӣ судманд мусоъидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Геологҳои олмонии ширкати BGR ҳамтоёни ҷавони тоҷики худро барои кор бо таҷҳизоти компютерии муъосири саҳроӣ бо барномаҳои ҷадид омӯзиш медиҳанд, хабар медиҳад сомонаи Сарраёсати геологияи Тоҷикистон.

Донишкадаи федеролии заминшиносӣ ва захойири табиъйии Олмон (BGR) дар чорчӯби тарҳи "Манобеъи зеризаминӣ барои рушди Тоҷикистон" раванди омӯзиши коршиносони тоҷик барои кор бо таҷҳизоти муъосири геологӣ идома медиҳад.

Дар сомонаи BGR зикр мешавад, ки ин умур баҳори соли 2012 дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз шуда бояд баҳори соли 2015 анҷом ёбад.

Тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли гузашта дар Тоҷикистон 3,4 тонна тилло истихроҷ шудааст

Бад ин тартиб Тоҷикистон қасд дорад арсаи геологиро барои иқтисоди кишвар бештар судовар кунад. Бад ин манзур барои Тоҷикистон барои ҳисоби захойир барномаи вижае таҳия шуда буд. Ин барнома имкон медиҳад, ки конҳои аз лиҳози иқтисодӣ судоварро ошкор ва барои ҷалби сармоягузорон пешниҳод созад.

Лентаи хабарҳо
0