https://sputnik.tj/20150504/1015343009.html
Рӯҳбаландӣ ба шуҷоат: намоиши варақаҳои таблиғотии "Наҳваҳои Пирӯзӣ"
Рӯҳбаландӣ ба шуҷоат: намоиши варақаҳои таблиғотии "Наҳваҳои Пирӯзӣ"
Sputnik Тоҷикистон
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи варақаҳои таблиғотии "Навҳаҳои Пирӯзӣ" бахшида ба 70-мин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд. 04.05.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-05-04T11:35+0500
2015-05-04T11:35+0500
2021-04-19T16:14+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101534/13/1015341340_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_0dec0c7789405a58ee0fd8aaa95de29d.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
80-солагии ғалаба , акс, ҳамаи хабарҳо, осорхонаи миллии тоҷикистон, баргузории намоишгоҳ, дар тоҷикистон
80-солагии ғалаба , акс, ҳамаи хабарҳо, осорхонаи миллии тоҷикистон, баргузории намоишгоҳ, дар тоҷикистон
Рӯҳбаландӣ ба шуҷоат: намоиши варақаҳои таблиғотии "Наҳваҳои Пирӯзӣ"
11:35 04.05.2015 (Навсозишуда: 16:14 19.04.2021) Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи варақаҳои таблиғотии "Навҳаҳои Пирӯзӣ" бахшида ба 70-мин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд.
Дар намоишгоҳ ҳудуди 50 варақаи таблиғотии замони ҶБВ, аксҳои таърихӣ ва ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар солҳои 1941-1945 гирд оварда шудаанд.
Ин намоишгоҳ ба ибтикори сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагии Россотрудничество дар Душанбе, Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мусоъидати дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.

Меҳмонони олиқабри ин намоишгоҳ - куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки барои Пирӯзии Бузург нақш доштанд.

Қабл аз ифтитоҳи намоишгоҳ ҷаласаи кӯчаке баргузор шуд, ки дар он ширкаткунадагон хотираи кушташудагон дар солҳои ҷангро бо дақиқаи сукут ёдоварӣ карданд ва сипас мактабхонон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар бораи ҷанг шеърҳо қироъат карданд.

Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи варақаҳои таблиғотии "Наҳваҳои Пирӯзӣ" бо ширкати сафири ФР дар ҶТ Игор Лякин-Фролов ва ҳамчунин суфарои кишварҳои дигари ИДМ дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин маросим ҳамчунин намояндаҳои вазоратхонаҳо ва муъассисоти дигари Тоҷикистон, пойгоҳи 201 ФР дар Тоҷикистон, устодон, донишҷӯён ва хабарнигорон ширкат доштанд.

Дар маҷмӯъ ба марази тамошочиён 50 варақаи таблиғотии замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузошта шуданд.

Сарбози ҶБВ ба варақаи "Барнагаштанд" нигаҳ мекунад. Дар маҷмӯъ аз набардҳои ҶБВ аз Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор нафар барнагаштанд.

Ин сарбозони ҷавон дар бораи ҷанг аз қиссаҳои бобоҳои худ огаҳӣ доранд.

"Навҳаи" ҷудогонаи Пирӯзии бузург кӯмакҳои беҳамтои ақибгоҳ ба набардҳои ҶБВ буд.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин намоишгоҳ намоиши ҷудогонаи аксҳои "Пирӯзие, ки аз ваҳдат ба даст омадааст" баргузор шуд, ки дар он аксҳои таърихӣ солҳои ҷанг аз кишварҳои мухталифи ИДМ ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон чанд дивизия таҳия шуда буд, ки дивизияи 20-ум, ки дар набардҳои назди Москав мушорикат кардааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар Тоҷикистон шоҳидони он ҷанги мудҳиш ва Пирӯзии бузрг ҳамагӣ чанд сад нафар боқӣ мондаанд...