Куҳансарбоз Ҳалимов: фикр мекардам ба “ҷангбозӣ” меравам

Обуна шудан
Ширкаткунандаи набарди Сталинград Ҳаким Ҳалимов аз Тоҷикистон имсол ҷашни 90-солагӣ дорад.

Дар шонздаҳсолагӣ, ёдоварӣ мекунад куҳансарбоз, вақте даъватнома ба ҷангро гирифтам, хеле хушҳол шудам, ки ба "ҷангбозӣ" меравам. Танҳо амакаш, ки аз панҷсолагӣ баъд аз фавти модараш дар тарбияти вай буд, бо андӯҳ гуфт, ки санг ҳамеша ба сари ятим мезанад.

"Барои бори нахуст дар Сталинград захмӣ шудам ва он замон гулӯла дар думетрии ман мунфаҷир шуд. Беҳуш шудам. То ҳол дарди саррро эҳсос мекунаму шунавоиям бад аст. Албатта табобат кардам, вале на то охир, дар шароити ҷанг дар бемористон зиёд хобида намешуд. Вале дар ёд дорам, ки ҳамшираҳо ба ман муносибати хуб доштанд, ҳам зимни захмии аввалаам ва зимни маҷӯрҳиҳои дигарӣ. Ҳар боре, ки барои муррахас шудан аз бемористон саросемагӣ мекардам, онҳо пурсон мешуданд, ки ба куҷо ин қадар шитоб дорам, шояд касе маро ранҷонида бошад. Ман барояшон ҳамвора посух медодам, ки ба ин ҷо барои ҷангидам омадаам, на барои дар бемористон хобидан", — мегӯяд бо табассум куҳансарбоз.

Ба гуфтаи вай, ҳар як сарбози Артиши Шӯравӣ чунин тасаввур дошт. Ҳарчанд душвор буду пайваста гурснагӣ мекашидем, баъзан сагу гурбаро ҳам мехӯрдем ва ҳатто пойафзолро ҷӯшонида мехӯрдем, вале ҳисси ватандӯстӣ, талоши бозпас гирифтани қаламрави ватан ва садоқат ба низом намегузоштанд, ки рӯҳафтода бошем, мегӯяд Ҳаким Ҳалимов.

"Вале душвортар ба кӯдакону занон буд, на ба сарбозон. То ҳол саҳнае дар пеши чашмонам ҳифз шудааст, ки дар Маҷористон дар як хиёбоне ба наздам духтараки ҷавоне бо кӯдакаш омад. Вай бемаҳолона гуфт, ки кӯдакаш сахт гурусна аст ва ӯ чизе барои хӯрдан надорад. Ман барояш як бурда аз нони бо худ доштаам додам. Бовар намекунед, ки бо чӣ сахтие назорат мекардам, ки кӯдак нонро мемакиду модар бо чашмони гурусна гаҳе ба кӯдакаш менигаристу гаҳе ба бурдаи нон. Ман водор шудам, ки нони боқимондаро ҳам барояш бидиҳам", — қисса кард куҳансарбоз.

Ҳаким Ҳалимов аз Маҷористон, Руминия, Булғористон ва Чехословакия убур карда ва баъд аз Пирӯзӣ боз се сол хидмати низомирон идома дода танҳо дар соли 1948 ба хона баргашт.

Исми ин куҳансарбози тоҷик соли гузашта дар расонаҳои Русия ва тоҷик баъд аз сафараш ба Волгоград бо даъвати раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин расонаӣ шуд.

Он замон вай ба матбӯъот дар боряи танҳои орзуи худ қисса кард — дидани Волгогради эҳёшуда — гуфта буд вай ба Путин дар гузари низомии бахшида ба 69-мин солгарди Пирӯзӣ. Ва ба зудӣ вай ба "Оташи абадии" муҷтамаи Шараф ва қабри фармондеҳи артиши 62 Василий Чуйков гулчанбарҳо гузошт.

Лентаи хабарҳо
0