Теъдоди қурбониёни заминларзаи Непал беш аз 6 ҳазор шуд

© AP / Manish SwarupЗаминларзаи харобиовар дар Непал
Заминларзаи харобиовар дар Непал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан дар бораи ба ҳалокат расидани 6 ҳазору 155 нафар ва захми шудани 13 ҳазору 402 нафар хабар дода шуда буд.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларзаи харобиовар дар непал ба 6204 нафар расида, 13 ҳазору 932 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад агентии РИА Новости бо истинод ба Франс Пресс.

Наҷотёбии ҳайратовар дар Непал: марде зери харобаҳо 80 соат буд

Қаблан дар бораи ба ҳалокат расидани 6 ҳазору 155 нафар ва захми шудани 13 ҳазору 402 нафар хабар дода шуда буд.

Тибқи хабарҳои расида дар Непал тақрибан 18 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебурд. Рӯзи гузашта ҳашт нафар аз атбоъи Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои русӣ аз Катманду пойтахти Непал парвоз карданд, ба Москва расиданд. Ба гуфтаи сухангуи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод атбоъи интиқолшудаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳ кормандони намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ истиқбол карданд. Ба онҳо кӯмакҳои зарурӣ расонида шуд.

Зилзила бо шиддати 7,9 дараҷа дар Непал 25 апрел рух дод. Ба иттилоъи зилзилашиносон, маркази зилзила дар 82 километрии шимолу ғарби пойтахти кишвар, шаҳри Катманду воқеъ буд. Умқи маркази зилзила дар 15 километрӣ будааст. Рӯзи якшанбе дар Непал чанд зилзилаи такрорӣ рух доданд, ки шиддаттаринаш 6,7 дараҷа дошт. Теъдоди қурбониёни зилзила аз 5 ҳазор нафар гузашт.

Лентаи хабарҳо
0