ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули ду нафар ноболиғ ахиран аз Непал тавассути ҳавопаймои вазорати умури изтирории Русия ба Москав интиқол шуданд, менависад хабаргузории "Ховар".
Рӯзи шанбе дар Непал зилзилаи шадид рух дод, ки беш аз 5 ҳазор нафар қурбонии он шуданд. Вазорати умури изтирории Русия ба ин кишвар ду ҳавопаймо эъзом кард, ки тавассути онҳо рӯзи чаҳоршанбе 128 нафар шаҳрвандони ИДМ ба Москав мунтақил шуданд.
Сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, ки атоъи интиқолшудаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳ кормандони намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ истиқбол карданд. Ба онҳо кӯмакҳои зарурӣ иттизоз шуд.
Шоми ҳамон рӯз шаҳрвандон ба Тоҷикистон эъзом шуданд.
Зилзила бо шиддати 7,9 дараҷа дар Непал 25 апрел рух дод. Ба иттилоъи зилзилашиносон маркази зилзила дар 82 километрии шимолу ғарби пойтахти кишвар шаҳри Катманду воқеъ буд. Умқи маркази зилзила дар 15 километрӣ будааст. Рӯзи якшанбе дар Непал чанд зилзилаи такрорӣ рух доданд, ки шиддаттаринаш 6,7 дараҷа дошт. Теъдоди қурбониёни зилзила аз 5 ҳазор нафар гузашт.