ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ҳаждаҳ шаҳрванди Тоҷикистон интизори берун омадан аз Непал ҳастанд, ки дар ин кишвар зилзила рух дода ва ҷони чаҳор ҳазор нафарро гирифтааст, хабар медиҳад рӯзи сешанбе Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи Ҷӯрахон Маматов, намояндаи созмони байналмиллалии муҳоҷират (IOM) дар Непал, феълан вай ҳамроҳи шаҳрвандони мо дар Катманду қарор дорад.
"Имрӯз мо бо Маркази фарҳангии Русия дар тамос шудем ва моро ба феҳраст шомил карданд. Ҳоло интизори занги онҳо ҳастем, ки дар мавриди берун овардани мо чӣ посухе медиҳанд", — гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол сафири Тоҷикистон дар Ҳинд Мирзошариф Ҷалолов хабар дод, ки дар ин кишвар 17 нафар ҳамватани мо қарор доранд. Вай ҳамчунин зикр кард, ки наметавонанд бо бархе аз шаҳрвандон тамос дошта бошанд, зеро дар Непал мушкили нерӯи барқ ва иртиботот вуҷуд доранд.
Аммо ба иттилоъи расонаҳои Русия, дар Непал 18 шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.
Рӯзи душанбе ВКХ Тоҷикистон изҳор дошт, ки онҳо аз вазъи башарӣ дар Непал назорат мекунанд ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, дархост шуд, ки эҳтиёткор бошанд. Ҳамзамон вазорати умури хориҷӣ мавзӯъи берун овардани атбоъи ҷумҳурӣ аз Непалро баррасӣ мекунад.
Рӯзи шанбеи гузашта дар Непал зилзилаи бо шиддати 7,9 дараҷа рух дод. Тибқи иттилоъи зилзилашиносон маркази ин зилзила дар 82 километрии шимолу ғарби Катманду, пойтахти ин кишвар воқеъ буд. Маркази зилзила зикр мешавад, ки дар умқи 15 километрӣ қарор дошт. Рӯзи якшанбе Непалро зилзилаҳои такрорӣ фаро гирифт, ки шиддати зилзилаи сахттаринаш 6,7 дараҷа буд. Теъдоди қурбониёни зилзила аз 4 ҳазор нафар гузашт ва беш аз ҳашт ҳазор нафар захмӣ шуданд.