“Муаллим”-и Носир Саидовро дар Теҳрон ба намоиш даромад

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкТегеран столица Ирана. Архивное фото.
Тегеран столица Ирана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Филми коргардони тоҷик Носир Саидов бо номи “Муаллим” дар бахши байналмилалии ҷашнвораи "Фаҷр"-и Эрон намоиш дода шуд.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Филми "Муаллим"-и коргардони тоҷик Носир Саидов дар ҷашнвораи байналмилалии филми "Фаҷр" дар Эрон ба намоиш даромад, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Ҳаводорони “Левиафан” ба ин филм беш аз 1 миллион рубл интиқол карданд

Ин ҷашнвора рӯзи шанбеи 25 апрел кори худро дар шаҳри Теҳрон оғоз кард ва дар баробари филмҳои эронӣ филмҳои хориҷӣ низ дар зимн намоиш дода мешаванд.

Ба гузориши вебсайти ҷашнвораи байналмилалии филми "Фаҷр", ин филми коргардони тоҷик дар ҳамоиши бузурги фарҳангӣ ду дафъа намоиш дода шудааст.

Дар филми "Муаллим"-и Носир Саидов яке аз нақшҳои асосиро ҳунарпешаи эронӣ Маҳнози Афшор бозӣ мекунад. Маҳноз Афшор, яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи синамо ва театри Эрон аст ва нахустин бор бо даъвати Носир Саидов, коргардони тоҷик дар филми ӯ бо номи "Муаллим" нақши аслиро бозид.

Филми мазкур моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе ба намоиш даромад ва аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт. Достони филм, зиндагии душвори омӯзгорони тоҷик дар охири солҳои пурталотуми 90 дар Тоҷикистон аст, ки дар он замон идеологияи шуравӣ рӯ ба таназзул овард ва баъдан муаллим мақому манзалати баландаш дар ҷомеаро аз даст дод. ​

Ин филм аз сӯи киностудияи "Тоҷикфилм" таҳия шуда ва нақшҳои асосиро Марат Орифов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Маҳнози Афшор, ҳунарманди эронӣ, иҷро кардаанд. Абдулкарим Машрабов ва Фаридун Раҳматов аз бозигарони дигар дар ин филм ҳастанд.

Бахши байналмилалии ҷашнвораи филми "Фаҷр" дар Эрон пас аз ҷудо кардани он аз бахши миллӣ, ки ҳар сол дар моҳи феврал баргузор мешавад, имсол барои аввалин бор аз 25 апрел то 2 май дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0