ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Бишкек шабакаи ҷадиди телевизионии минтақавии Central Asian New TV (СNТ) ба фаъолият оғоз кард, ки муъассиси он раҳбари гурӯҳи расонаҳои тоҷики "Озодагон" Зафар Сӯфӣ мебошад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Шабакаи ҷадиди телевизионӣ рӯзи 3 май дар рӯзи Ҷаҳонии озодии баён ба пахши барномаҳои худ шурӯъ мекунад.
"Барномаҳои CNT умдатан иттилоъотиву фарҳангӣ мебошанд. Мо ҳадаф дорем риштаҳои ҳамгироиро бипайвандему ба дӯстии халқҳои минтақа хизмат бикунем", — гуфт Зафар Сӯфӣ.
Ба гуфтаи вай, тарҳи таъсиси чунин шабака аз соли 2011 амалӣ мешавад ва аз оғоз тасмим шуда буд, ки дафтари марказии он дар Қирғизистон боз шавад, зеро ин кишвари бештар демократии минтақа маҳсуб мешавад.
Вай афзуд, ки сармоягузори куллияи тарҳҳои иттилоъотӣ шахсан худаш мебошад.
"Ман ҳаргиз ба ҳеҷ шароите розӣ намешавам, ки аз касе қарздор бошам ва ба ин далел ҳамеша бо сармояи худ кор мекунам", — гуфт вай.
Пахши барномаҳои ин шабакаи ҷадиди телевизионӣ 3 май тавассути моҳвораи Eutelsаt шурӯъ мешаванд. Дар марҳилаи нахуст ин ширкат қасд дорад ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барномаҳо пахш кунад ва дар оянда эҳтимол дорад ба забонҳои халқҳои Осиёи Марказӣ низ "ҳарф занад".
Зафар Сӯфӣ муъассиси гурӯҳи расонаҳои "Озодагон" — ҳафтавори ҳамном дар қаламрави Тоҷикистон тавзеъ мешавад. Хабаргузории "Озодагон" дар Душанбе ва Бишкек дафтар дорад ва дар шабакаи ҷаҳонии интернетӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва форсӣ матолиб нашр мекунад.