Марзбонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори нахуст музокирот анҷом доданд

CC BY 2.0 / upyernoz / Tajik-Uzbek BorderДар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон. Акс аз бойгонӣ
Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои бори нахуст дар солҳои истиқлол марзбонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои ҳамгиройӣ дар таъмини ҳифозати марзи муштарак музокироти мустақим анҷом доданд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ҳайъатҳои бузурги ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Ӯзбекистон барои бори нахуст барои баррасии таъмини амнияти марзи муштарак музокирот карданд, хабар медиҳад имрӯз Радиои Озодӣ.

Таҳдидҳои муъосир ва таъмини амнияти марзи муштарак мавзӯъи меҳварии музокироти афсарони ду кишвари ҳамҷавор қарор дошт.

"Натоиҷи ин дидор дар созишномаи "Дар бораи ҳамкориҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон" зикр шудаанд. Марзбонони ду кишвар ҳамчунин натоиҷи фаъолият дар соли 2014 ва самтҳои асосӣ барои беҳбуди ҳамкории ҷонибҳо дар соли 2015-ро баррасӣ карданд", — хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Обанбори Баҳри Тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбакистон дар наздикии марзи Тоҷикистон обанбор бунёд кард

Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии ҳукумати вилояти Суғд дар заминаи шаш масъалаи умда тавофуқ шудааст. Дар миёни ин тавофуқот роҳандозии ҳамкориҳои густурдаи миёни ниҳодҳои марзбонии ду кишвар дар қиболи хатароти муъосир, ҳамгиройӣ дар ҳифозати марз ва риояи ҳатмии муқаррароти байналмиллалӣ аз сӯйи ҳар ду ҷониб мебошанд.

Хабар дода мешавад, ки ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки сареъан масоили марзиро баррасӣ кунанд, барои ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунӣ дар манотиқи марзӣ дар миёни аҳолии маҳаллӣ иқдомоти таблиғотӣ анҷом бидиҳанд, муқаррароти марзиро риоя карда аз убури ғайримуҷоз аз марз ҷилавгирӣ кунанд.

Тибқи иттилоъи ВКХ Тоҷикистон, имтидоди марзи давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 1332,9 километр мебошад. Аз ин тӯли умумӣ 105 километр марзи дарёӣ ва 1227, 98 километр хушкигард мебошанд.

Бар асоси қарордоди байниҳукуматии ҷонибҳо аз соли 2002 дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд доранд. Аз онҳо нӯҳ гузаргоҳ мақоми байналмиллалӣ дошта, ҳафт гузаргоҳи дигар байникишварӣ мебошанд. Чаҳор гузаргоҳ барои убури нақлиёти роҳи оҳан пешбинӣ шудаанд.

Дувоздаҳ гузаргоҳ дар вилояти Суғд воқеъ буда, чаҳор гузаргоҳи дигар дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода вуҷуд доранд. Яке аз ҷоддаҳои мошинрав ва роҳи оҳан аз ғарби Ӯзбекистон ба қисмати шарқӣ ва сипас ба Қирғизистон аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Нақша - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд

Феълан барои омадурафти шаҳрвандон ва қисман барои убури васоили нақлия ду гузаргоҳи марзӣ бо мақоми байналмиллалӣ фаъол мебошанд — "Дӯстӣ" дар ноҳияи Турсунзода ва "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон танҳо марзи маъмурӣ вуҷуд дошт. Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ зарурати таъйини хутути марз бо Ӯзбекистон пайдо шуд.

То соли 2002 ҷонибҳо 86% хати марзи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро таъйид карданд ва дар масоҳати боқимонда баҳсҳо ҳамчунон идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0