Беш аз даҳ нафар мотосиклронҳо нусхаи парчами Пирӯзиро то ба Оташи абадӣ дар боғи Пирӯзӣ дар Турсунзода интиқол доданд, ки ҳамакнун ба осорхонаи маҳаллӣ тақдим шуд.
Ҷузъи маъмулии чунин тадорукот — лаҳзаи хомӯшӣ ва гузоштани гулчанбарҳо дар назди Оташи абадӣ дар Душанбе ва Турсунзода.
Ин иқдом бо ташаббуси гурӯҳи "Хотира-201", пойгоҳи низомии 201-и Русия бо мусоъидати сафоратхонаи ФР дар ҶТ, намояндагии Россотрудничество, шаҳрдории пойтахт ва шаҳри Душанбе, усқуфниши Душанбе ва Тоҷикистон баргузор шуд.

1/10
© Sputnik / Амир Исаев
Аз субҳи барвақт дар Боғи Пирӯзии пойтахт мотосиклронҳо ва ширкаткунадагони дигари гузашт ҷамъ меомаданд. Ба ҷуз аз нусхаи парчами Пирӯзӣ дар мотосиклҳо парчамҳои ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ низ насб шуда буданд.

2/10
© Sputnik / Амир Исаев
Ба ҳар як васоили нақлияи ширкаткунанда дар ин гузашт нишони вижаи ин тадбир ироъа шуда буд.

3/10
Гузоштани гулчанбар дар маҷмаъаи Оташи абадӣ дар Боғи Пирӯзии Душанбе.

4/10
© Sputnik / Амир Исаев
Як вижагии умдаи ин тадбир - аксгирии дастҷамъона барои хотира. Дар ин рӯз чунин аксҳо зиёд гирифта шуданд.

5/10
© Sputnik / Амир Исаев
Вақти сафар фаро расид - роҳ то Турсунзода ҳудуди як соат мешавад.

6/10
© Sputnik / Амир Исаев
Дар Турсунзода барои пешвози меҳмонон омода ҳастанд.

7/10
© Sputnik / Амир Исаев
Гузашти "Субҳи Пирӯзӣ" дар шаҳри Турсунзода. Дар тӯли тамоми роҳ ширкаткунандагони гузашта таҳти муроқибати маъмурони милитсия ва дар маркази таваҷҷӯҳи сокинони рустоҳои канори роҳ қарор доштанд.

8/10
© Sputnik / Амир Исаев
Танки Т-34 дар Боғи Пирӯзӣ дар шаҳри Турсунзода. Дар ин ҷо низ Оташи абадӣ ҳаст, ҳарчанд каме кӯчактар ҳам бошад. Оташи он аз ҳисоби баллони кӯчаки газ гирон аст, ки дар наздикӣ паноҳ гузошта шудааст.

9/10
© Sputnik / Амир Исаев
Ширкаткунандагони гузашт, собиқадорони ҷанг ва сокинони Турсунзода бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи кушташудагон дар Ҷанги Бузурги ватаниро гиромидошт доштанд.

10/10
© Sputnik / Амир Исаев
Гурӯҳи ҳунарии пойгоҳи 201- Русия "Южний форпост" барои сокинони Турсунзода барномаи ҳунарӣ таҳия ва намоиш доданд.