Теъдоди қурбониёни зилзила дар Непал ба 3218 нафар расид

© AP / Niranjan Shrestha Зилзила дар Катманду. Непал, 25 апрели соли 2015
Зилзила дар Катманду. Непал, 25 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зилзила бо шиддати 7,9 дараҷа дар Непал субҳи рӯзи шанбе рух дод. Мақомоти кишвар ахиран дар Непал вазъи фавқуллода эълом карданд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. 3218 нафар дар пайи зилзилаи сахт дар Непал қурбон шуда ва боз беш аз 6500 нафар захмӣ шудаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Франс Пресс.

Қаблан дар бораи 2500 нафар қурбонии ин офат гузориш шуда буд.

"Теъдоди қурбониёни ба 3218 нафар ва теъдоди захмиҳо ба беш аз 6500 нафар расид", — гуфт ба хабаргузорӣ раҳбари маркази муқобала бо офоти табиъйии Непал Рамешвор Дангал.

Зилзила бо шиддати 7,9 дараҷа дар Непал субҳи рӯзи шанбе рух дод. Мақомоти кишвар ахиран дар Непал вазъи фавқуллода эълом карданд.

Дар умури наҷот низомиён ширкат мекунанд. Барои кӯмак ба наҷотдиҳандагони Непал ҳамтоёнашон аз Чин, ИМА, Канада, Австралия, Ҷопон ва Шри-Ланка омадаанд. Вазорати умури изтирории Русия ба Непал ду ҳавопаймои ҳомили наҷотдиҳандагонро эъзом кард.

Лентаи хабарҳо
0