93 сол қабл Анвар-пошои шӯҳратманд дар Тоҷикистон кушта шуд

© WikimediaАнвар-пошо. Акс аз бойгонӣ
Анвар-пошо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
24 апрел рӯзи гиромидошти қатли оммавии армантаборҳо аст. Яке аз муаллифони қатли оммавиро худи арманиҳо генерали турк Анвар-пошоро медонанд, ки дертар дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст дод. Мо дар маҳалли кушта шудани вай будем то ҷузъиёти соли ахири зиндагонии вай ва чӣ касоне ӯро куштаанд, бидонем.

Моҳи гарми август буд ва дар рустои Яп аз Иди Қурбон таҷлил мекарданд. Генерали турк Анвар-пошо ва фармондеҳи балҷувонӣ Давлатманд-бой бузкаширо тамошо мекарданд. Босмачиҳоро он замон барои таҷлили ид муррахас карда буданд ва доҳиёнро танҳо чанд нафар ҳифозат мекарданд.

Ин нахустин Иди Қурбон буд, ки Анвар-пошо аз он дар Бухорои Шарқӣ таҷлил мекард.

Дар ҳамин вақт сарбозони сурх "бузкашии" худро таҳия мекарданд. Қаблан чанд тан аз сарбозон дар миёни аҳолии маҳаллӣ қарор гирифтанд. Боздошти пошо дар рӯзи ид ба нақша гирифта шуд.

Ва дар ҳамин асно яке аз фармондеҳони болшевикҳо, ки ба худӣ буданаш муътақид буд, вориди бузкашӣ бо сокинони маҳаллӣ шуд.

Дар ҳамин лаҳза ба Анвар ду хабарро расониданд: нахуст, русҳо онҳоро муҳосира кардаанд ва дуввум вай ҷигит дар асл кофир мебошад.

… Анвар-пошо сари зин нишаст ва "фармондеҳи русро" ба мисли тӯшаи буз болои зин кард ва ғайб зад.

Ин фармондеҳ дертар ӯро ба қатл мерасонад…

Сокинони маҳаллии Балҷувон чунин наҳваи кушта шудани Анвар-пошоро дар хотир доранд ва қисса мекунанд, ки генерал 4 августи соли 1922 кушта шуд.

Аз болшевикҳо ба босмачиҳо

Дар моҳи октябри соли 1921 бо тасмими Москав Анвар-пошо озими Бухоро шуд. Вай муваззаф шуда буд, ки босмачиҳоро барои пайвастан ба Артиши Сурх мутақоид созад, мегӯяд Қаҳҳор Расулиён, доктори илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Вале дар асл вай он замон аллакай нақшаи пайвастан ба суфуфи босмачиҳоро дошт ва баъд аз омадан ба Бухоро пантуркист ва панисломӣ ба ҷанг алайҳи Сурхҳо пайваст.

— Омадани Анвар-пошо ба Осиёи Миёна ҷунбиши босмачигариро тақвият дод, — мегӯяд Қаҳҳор Расулиён. — Анварро дар ин ҷо, дар Бухорои Шарқӣ, феълан қисмати марказии Тоҷикистон, ҳамчун фармондеҳи саршинос медонистанд ва ин амр рӯҳияи фармондеҳони босмачиҳоро боло бурд.

Амир Олим-хон (амири охирини Бухоро), ки аз Бухоро фирор карда, дар Афғонистон зиндагӣ мекард, Пошоро фармондеҳи куллияи нерӯҳои босмачиҳо ва муҷоҳиддин дар Бухорои Шарқӣ таъйин кард.

"Корҳо хубанд ва ҳамон тавре, ки мехостам ҷараён доранд. Бекҳо бо сарбозони худ аз куллия манотиқи забтношудаи Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла, аз Кӯлоб, Балҷувон, Дарвоз ва Қаротегин ҷамъ мешаванд. Анҷумане, ки аз ин бекҳо таъсис мешавад, дар мароҳили нахустин ҳукумати ҷадид Бухоро мешавад. Ҳама омадаанд, ки куллия хости маро иҷро кунанд… Дар тӯли 10 рӯзи ахир ман панҷ маротиба вориди набард бо русҳо шудам. Дар ҷанги ахир теъдоди зиёди русҳо кушта шуданд", — навишта буд Анвар-пошо ба бародараш Комил дар моҳи январи соли 1922.

© SputnikДар ин қалъа амир, Давлатманд-бой ва Анвар-пошо нишаста буданд
В этой крепости сидели мир, бек Давлатманд-бий и Энвер-паша - Sputnik Тоҷикистон
Дар ин қалъа амир, Давлатманд-бой ва Анвар-пошо нишаста буданд

Дар ҳамин ҳол ҳукумати шӯравӣ мавзӯъи сарнагун кардани шарики собиқ ва ҳамакнун фармондеҳи ҷунбиши босмачиҳоро ҷиддан матраҳ мекард. Дар моҳи июл ҳамла оғоз шуд ва пошо, ки ахиран бо виқор Душанберо забт карда буд, ба Балҷувон фирор кард ва ба фармондеҳи маҳаллӣ бек Давлатманд-бой бипайваст.

Шамшери Анвар-пошо

— Дар ин қалъа амир, бек Давлатманд-бой ва Анвар-пошо нишаста буданд, — нишон медиҳад ба мо иморати фарсудаеро мудири бахши фарҳанги ноҳияи Балҷувон Шамсулло Аҳадов.

… Мо дар ноҳияи Балҷувон, ки 200 километри ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст, қарор дорем. Феълан дар ин ҷо ҳудуди 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. На дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва на дар 20 соли Истиқлолият ин маҳал дорои тағйироти замонавӣ нашуд. Аммо дар ин маҳал осори таърихие боқӣ мондаанд, ки на як даҳсоларо паси сар кардаанд.

То замони шӯравӣ ба бекигарии Балҷувон қаламрави навоҳии феълии Данғара, Темурмалик, Сарихосор ва қисмати аслии Восеъ ва Ховалинг шомил буданд.

— Ин як маркази фарҳангӣ ва маъмурии бекигарии бузург буд. Вақте инқилобчиён ба Анвар-пошо фишор меоварданд, вай нахуст ба Ҳисор. Кӯлоб ақаб омада ва дар ниҳоят ин маҳаллро интихоб кард, — мегӯяд Аҳадов.

Дар наздикии қалъа осорхонаи маҳаллии мардумӣ воқеъ аст. Онро гоҳ гоҳе зимни ташрифи меҳмонон ва ҷаҳонгардон боз мекунанд.
Сокини маҳаллӣ Бобои Саид ин осорхонаро худаш бист сол қабл сохтааст.

© SputnikБобои Саид муътақид аст, ки шамшереро ки ҳоло дар даст доранд, дасти худи Анвар-пошоро дидаанд
Бобои Саид уверен, что сабля, которую он держит, видела руки самого Энвера-паши - Sputnik Тоҷикистон
Бобои Саид муътақид аст, ки шамшереро ки ҳоло дар даст доранд, дасти худи Анвар-пошоро дидаанд

Бобои Саид дороиҳои аз ҳама арзишноки ин осорхонаро, ки маъмулан ба намоиш гузошта намешаванд, барои мо нишон дод.

— Ин шамшери Анвар-пошо аст, —вай аз зери мизи бузург теғи нимшикастаеро берун баровард.

Бобои Саид муътақид аст, ки ин шамшер воқеъан моли генерали Усмонӣ мебошад.

— Ман онро баъд аз 60 соли марги Анвар-пошо пайдо кардам, — қисса кард вай. — Ба ман онро нафароне оварданд, ки шахсан пошоро дафн кардаанд. То он замон касе дар ин бора иқрор намешуд. Агар дар бораи шамшер огаҳӣ меёфтанд, ҳатман он нафарон муҷозот мешуданд. Охир вай зидди ҳукумати шӯравӣ, зидди ҳизби болшевикӣ буд.

Ҳамзамон пирамард аз зери миз шамшери дигареро берун овард. Вай боварӣ дорад, ки ин шамшер ба худи Давлатманд-бой таъаллуқ дошт. Бобои Саид бо меҳр чанги онро тоза кард ва шамшерро ба ҷояш гузошт.

Мо талош кардем маҳалли кушта шудани Анвар-пошоро пайдо кунем. Баъд аз пурсуҷғйҳои тӯлонӣ озими Обидара шудем.

Теппаҳоро паси сар кардему ҳоло болои кӯҳсорем ва дар пеш бероҳаҳои тӯлонӣ.

Сокинони Балҷувон танҳо бо "УАЗикҳои" шӯравӣ ҳаракат мекунанд, беҳтарин мошини аст, мегӯянд соҳибонаш. Ронандаи мо ин мошинро бар ивази 1000 доллар аз пойгоҳи низомии 201-и Русия харидааст.

Вале ҳатто ин "ҳайвонҳо" баъзан дар ин маҳал беҳоланд. Дар шароити бероҳ дар баланди чанд ҳазор метр сокинони маҳаллӣ савори асп мешаванд, ки замоне бо ин наҳва босмачиҳо ин қуллаҳоро фатҳ мекарданд.

Ронандаи мо дар ниҳоят раҳгум зад.

— Анвар-пошо дар он ҷое кушта шудааст, ки шумо аз он ҷо меоед, — гуфт саворе, ки пешопеши мо омад. — Мо ҳоло дар рустои Яп қарор дорем, дар ин ҷо ӯро захмӣ карданд, вале вай дар он ҷо фавтид, — нишон дод ба самти чап аз худ. — Аммо ӯро ҳо дар он қулла дафн карданд, дар самти рост, дар рустои Чаган. Барои баромадан ба он ҷо як шабонарӯз вақтатон меравад, маҳалли душворгузар аст.

… Зери пойи мо лолаҳо, кӯчаку сурханд, ки шабеҳи қатраҳои хун мебошанд, мисли изе, ки бо пайраҳаи бузург сӯйи маҳалли дафни пошо мебаранд.

Охирин Иди Қурбон

Сокинони оддии Балҷувон таърихи кушта шудани Анвар-пошоро чунин дар хотир доранду қисса мекунанд:

Анвар-пошо бо фармондеҳи рус дар рӯйи зин бо шаст аспе меронад.

— Ин рус ҳанӯз зинда буд ва дар мӯзааш силоҳ дошт, — ҳамин тавр бароямон бобоам қисса карда буд, ёдоварӣ мекунад сокини маҳаллии рустои муъосири Обидара Хайриддин Ғуломов. — Ногаҳон ин рус ба ҳуш омад ва силоҳи худро бароварда ба Анвар-пошо аз зери пояш тир зад. Пошои захмишуда ӯро партофт ва сафари худро идома дод. Ба Обидара расида вай аз зин афтод ва дар ҳамин ҷо ҷони худро аз даст дод.

… Теппачаи кӯчаке дар иҳотаи дарахтон. Сокинони Обидара муътақиданд, ки Анвар-пошо маҳз дар ҳамин ҷо фавтидааст. Ба гуфтаи онҳо, вай болои замин муддате хобидааст ва сипас ӯро пайдо кардаанд. Вақте пайдо карданд, муддате ҷасади ӯро пинҳон доштанд, то ҳама ором шавад ва сипас дар маҳалли дастнорас, дар қуллаи Чагана дафн кардан, ки "дасти кофирон" нарасад, мегӯянд сокинони маҳаллӣ.
Ба маҳалли кушта шудани Анвар-пошо — асосгузори ақидатии қатли оммавии армантаборҳо мардум барои дуохонӣ меоянд.

— Мардум муътақиданд, ки ин ҷо маҳалли давобахш аст, — мегӯяд Ғуломов. — Аз манотиқи дурдаст меоянд, дуо мехонанд ва шифо мехонанд. Замини ин ҷоро барои табобати хориш ва ҷароҳатҳо мегиранд…

© SputnikТеппачаи кӯчаке дар иҳотаи дарахтон, маҳалли назарногири ҷойи фавти фармондеҳи босмачиҳо
Маленький бугорок, окруженный деревьями - ничего примечательного на месте гибели вождя басмачей сейчас нет - Sputnik Тоҷикистон
Теппачаи кӯчаке дар иҳотаи дарахтон, маҳалли назарногири ҷойи фавти фармондеҳи босмачиҳо

… Бист сол қабл, дар соли 1996 Тоҷикистон ба Туркия қисмате аз таърихи бузурги ӯро — боқмондаи аҷсодашро интиқол доданд. Онҳо дар Стамбул дубора дафн шуданд.

Аз қаҳрамони озодӣ то ҷинояткори низомӣ

Исмоил Анвар моҳи ноябри соли 1881 дар Стамбул таваллуд шудааст. Падараш — турк, назоратчии пул ва модараш — албанитабор ва аҷсодро барои дафн омода мекард.

Таърихшиноси бритониёӣ Алан Мурхед навишта буд, ки Анвари шӯҳратталаб, ки барои дарёфти мақом аз ин хонавода имконе надошт, ба ҷараёни туркҳои ҷавон пайваста худро дар оянда ба ҳайси низомӣ медид.

Нахуст мактаби низомӣ, сипас Академияи низомии Ситоди кулл, ки онро соли 1903 бо рутбаи капитан хатм кард. Дар бораи ӯ ба унвони Қаҳрамони озодӣ баъд аз инқилоӣи соли 1908, ки дар пайи фишорҳои туркҳои ҷавон қонуни асосӣ тасвиб ва порлумон таъсис ёфта буд, гуфтугузор мекарданд.

Соли 1913 Анвар-пошо ва пайравонаш табаддулоти давлатӣ карданд ва баъд аз он дар Туркия сегонаи генералҳо раҳбарӣ мекард, ки дар садри он вай — вазири низомӣ ва фармондеҳи Ситоди кулл меистод.

Вай, ки худ олмонпараст буд, Туркияро ба Ҷанги нахустини ҷаҳонӣ бипайваста, ҳамроҳ бо Олмон меҷангид.

Ин ҷанг барои Туркия ноомадӣ овард, кишвар ба яке аз мағлубиятҳои бузург дар муҳориба бо артиши рус дар Сариқамиш дар солҳои 1914-1915 рӯбарӯ шуд. Дар он набард беш аз 60 ҳазор нафар туркҳо кушта шуданд.

Сариқамиш таърихан шомили Арманистони Бузург буд ва дар замони ҷанг дар он ҷо арманитаборҳо зиндагӣ мекарданд.

Баъд аз мағлубият Анвар-пошо аз хиёнати арманиҳо дар ин ҷанг эълом карда изҳор дошт, ки ба далели хиёнати онҳо чунин миқдори бузурги хисорот шудааст.

Дар натиҷа, дар моҳи апрел ихроҷи оммавӣ, боздоштҳо ва қатли арманитаборҳо оғоз шуданд. Тибқи иттилоъи мухталиф, дар ҷараёни қатли оммавӣ (дар ду сол) 1,5 миллион нафар кушта шудаанд.

— Дар асл ин ҳаводис далел буд, — мегӯяд таърихшинос Қаҳҳор Расулиён. — Мақомот мехостанд қаламрави кишварро аз арманиҳо тоза кунанд. Онҳо сари чӣ гуна забт ва рондани онҳо аз ватани аҷдодиашон фикр мекарданд. Аз дигар сӯ ин ҷанги беамони мазҳабӣ буд.

Баъд аз шикасти Туркия дар соли 1918 Анвар-пошо ба хориҷи кишвар фирор карда бо мақомоти ҷадиди Русия — болшевикҳо иртибот пайдо кард.

Аз он ҷо вай дар соли 1921 ба Бухоро эъзом шуд…

Лентаи хабарҳо
0