Рапунтсел аз Аллоҳобод, ё қаҳрамони дарозмӯи Ҳиндустон чи гуна аст

Обуна шудан
Смита Шривастава аз Аллоҳобод – соҳиби мӯи дарозтарини Ҳиндустон аст. Дар ин навор бубинед, ки ин духтар чӣ тавр мӯи сарашро оро медиҳад.

Бо шарофати мӯи дарозаш, Шривастава яке аз намояндагони расмии яке аз ширкатҳои ҳиндустонӣ гардид ва ҳамчунин аъзои доимии озмуни шаҳрӣ оид ба зебоӣ шуд. Инчунин вай барандаи чанд озмуну ҷоизаҳо гардид.

"Зиндагии ман хеле сермаҳсул аст. Дарозии мӯи сарам 2 метру 13 сантиметрро ташкил медиҳад. Ман ҷоизаи зиёде дорам ва ҳамчунин ман дар китоби рекордҳои Лимкии Ҳиндустон шомил шудаам. Талоши ман ин аст, ки қаҳрамони ҷаҳон шавам ва ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гардам", — нақл мекунад Смита.

Бар асоси Китоби рекордҳои Гиннес, дарозтарин мӯи сар дар ҷаҳон ба чиннидухтар Се Тсюпин тааллуқ дорад. Андозасозие, ки дар соли 2004 барпо шуд, далолат кард, ки мӯи сари чиннидухтар 5,627 метрро дар бар мегирад. Вай аз соли 1973 инҷониб мӯяшро кутоҳ накардааст. Рекорди чиннидухтар ҳанӯз аз ҷониби касе шикаста нашудааст, яъне бар вай ҳоло касе пирӯз нагардидааст.

Лентаи хабарҳо
0