ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Барои муҳоҷирини қирғиз санҷиши донистани забони русӣ баъд аз пайвастани Қирғизистон ба ИИА лағв намешавад, менависад хабаргузории "Кабар" бо истинод ба мудири бахши санҷиши Донишгоҳи муштараки Қирғизистону Русия Марина Родова.
Зимни шарҳи шоеъот дар бораи он, ки гӯиё баъд аз пайвастани кишвар ба ИИА муҳоҷирони кории қирғиз санҷиши донистани забони русӣ, қонунгузорӣ ва таърихи ФР озод мешаванд, Родова гуфт, ки тасвиби ин санад танҳо имтиёзҳои иқтисодӣ медиҳад, вале ин амр ба донистани забон асаре надорад.
"Ҳамаи корфармоён санади донистани забонро тақозо мекунанд", — гуфт Родова.
Вай ҳамчунин изофа кард, ки маркази санҷишии ин донишгоҳ хоҳишмандони сафар ба Русияро омода ва имтиҳон мекунад. Баъд аз супоридани муваффақи санҷиш марказ санади расмӣ медиҳад.