Дар Қирғизистон аз Рӯзи Пирӯзӣ 7 май таҷлил мешавад

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкТаҷлил аз Рӯзи Пирӯзӣ дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Таҷлил аз Рӯзи Пирӯзӣ дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қирғизистон тасмим гирифта шудааст, ки Рӯзи Пирӯзӣ ду рӯз қабл таҷлил карда шавад, то раиси ҷумҳури кишвар, ки барои ширкат дар маросими расмӣ дар Москав ризоият додааст, тавонад шахсан дар марсими Бишкек ширкат кунад.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Барои бори нахуст гузари низомии бахшида ба Рӯзи Пирӯзӣ дар Қирғизистон 7 май баргузор мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Воқеъан, раиси ҷумҳур тасмим гирифтааст, ки гузари низомии Пирӯзӣ дар Бишкек 7 май баргузор мешавад ва ин амр ба он марбут мебошад, ки раҳбари кишвар мехоҳад дар он шахсан ширкат кунад", — гуфт манбаъ дар вазорати дифоъи кишвар.

70 солагии Пирӯзи дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони ҳаводиси бузургтарини сатҳи миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Барои бори нахуст дар майдони марказии Бишкек Ала-Тоо гузари низомӣ бо мушорикати васоили фаннӣ низомӣ ва ҳавопаймоҳои низомӣ баргузор мешавад.

Ҷобаҷогузорӣ ва тавозуни неруҳо дар ҶБВ

Раиси ҷумҳур Алмазбек Атамбоев дар гузари низомӣ дар Москав 9 май ширкат мекунад. Вале иттилоъ дода нашудааст, ки дар ин рӯз дар Қирғизистон чӣ маросиме баргузор мешавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар гузари низомӣ дар майдони Сурх ширкат мекунад. Ба ин далел гузари низомӣ дар ҷумҳурӣ низ на 9 май, балки 7 май баргузор мешавад.

Дар ослҳои ҷанг ба набардҳо беш аз 300 ҳазор нафар зодагони Қирғизистон, яъне ҳар як шашумин сокини кишвар эъзом шудааст. Ҳудуди чаҳоряки онҳо аз набардҳо барнагаштанд ва ҳудуди 100 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуданд.

Феълан дар кишвар ҳудуди як ҳазор нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Лентаи хабарҳо
0