ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Нахуствазири Қирғизистон Джоомарт Оторбоев истеъфо дод, менависад имрӯз Sputnik дар Қирғизистон.
Ин тасмими худро вай имрӯз баъд аз ироъаи гузориш ба порлумон дар бораи фаъолияти ҳукумат дар соли 2014 эълом кард.
Зимнан, фаъолияти девони вазирон дар порлумон қаноъатбахш дониста шуд.
"Фаъолияти анҷомдодаи девони вазирон танҳо дастоварди ман нест. Дар пайи ин амр фаъолияти афроди зиёде дар девони вазирон истодааст. Албатта, на ҳама аз аҳдофи мо иҷро шуданд. Вале ман комилан мутмаъинам, ки дар кишвари демократӣ набояд инҳисори қудрат вуҷуд дошта бошад. Ба кишвар пайваста назари тоза, аҳдоф ва талошҳои ҷадид заруранд. Ҳокимияти иҷроияро бояд такон дод. Ба ин далел ман имрӯз аз вазифаи нахуствазирӣ истеъфо медиҳам", — гуфт Оторбоев.
Джоомарт Оторбоев ҳукуматро аз 9 апрели соли гузашта раҳбарӣ мекард.
Тибқи Қонуни асосии Қирғизистон истеъфои нахуствазирро бояд раиси ҷумҳури Қирғизистон бипазирад ва ё радд кунад.
Ин дар ҳолест, ки коршиносон аллакай ба истеъфои нахуствазир вокунишҳо карданд.
Ба гуфтаи сиёсатшинос Игор Шестаков, истеъфои нахуствазир дар остонаи пайвастшавии кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои симои кишвар падидае хубе нест.
"Ин амр аз он далолат медиҳад, ки низоми порлумонӣ фаъолияти бонизоми давлатро таъмин намекунад. Отарбоев ба унвони шахси ҳирфаӣ дарк кард, ки натавонист муввазафоти дар наздаш истодаро иҷро кунад. Аз лиҳози фаннӣ масоили зиёди марбут ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё иҷро нашудаанд. Вале мушкили аслӣ дар он аст, ки ҳукумат 90% масоили иттилоъотии марбут ба пайвастан ба ин Иттиҳодия ва ҳамгироӣ бо аҳолӣ ва ширкатҳои тиҷоратиро аз даст додааст", — гуфт вай ба Sputnik.
Дар маҷмӯъ коршинос фаъолияти нахуствазирро ба баҳои "се" арзёбӣ кард. Аз дастовардҳои ҳукумат Шестаков ин нуктаро таъкид кард, ки девони вазирон гирифтори беҳушии иқтисодӣ нашуд, ҳарчанд дар ҷаҳон бӯҳрони иқтисодӣ мушоҳида мешавад.
Сиёсатшиноси дигар Марс Сариев бар ин ақида аст, ки истеъфои феълӣ ба интихоботи дар пеш истода ба порлумон рабт дорад.
Ба гуфтаи Сариев, далели истеъфои Оторбоев дар вазъи атрофи Қумтор нест ва ба гузориши девони вазирон низ рабт надорад. Мавзӯъ ин аст, ки интихоботи порлумонӣ наздик мешавад ва ба бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ вай нодаркор мебошад.
"Раҳбари фаннии навъи мудирияти ғарбӣ, ки метавонад дар фаъолияти ҳукумат дигаргунӣ оварад, феълан судовар нест", — зикр кард сиёсатшинос.