ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бо муҳаррики дорои мушкили фаннӣ ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737, ки аз Қӯрғон-теппа ба Москав парвоз мекард, дар фурӯдгоҳи шаҳри Қизилорда фуруди изтирорӣ кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Фуруди ин ҳавопаймо дар Қизилорда барои гирифтани маводди сӯхтӣ дар назар буд, вале ба фурудгоҳ дар бораи баланд шудани фишори маводди сӯхтӣ дар яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо хабар расид. Халабонҳо дархости фуруди изтирорӣ карданд. Куллияи ниҳодҳои фурудгоҳ, ки фуруди изтирорӣ мекард, барои қабули он омода шуданд.
Ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи Коркит Ата фуруд омад ва мусофирон осебе надиданд.