ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Чаҳор нафар аз ширкаткунандагони ҳамоиши ғайрирасмӣ дар назди сафорати Олмон дар Душанбе, ки 15 апрел рух дод, ҷарима шуданд, хабар медиҳад ВКД ҶТ.
Боздоштшудагон, ки 14 нафар буданд, ба бахши пулиси шаҳри Душанбе барои мушшахас кардани далоили таҷаммуъи онҳо дар назди бинои сафоратхона оварда шуданд.
Мушшахас шуд, ки гирдиҳамомадагон мехостанд аз ин роҳ ба сафир норизоиятии худро барои баргузории ҳамоиши аъзои созмони дар Тоҷикистон мамнуъи "Гурӯҳи 24" дар қаламрави Олмон изҳор кунанд.
"Онҳо мехостанд, ки ҳукумати Олмон дар оянда барои баргузории ҳамоишҳои ин созмону тундгаро ва ҷунбиши террористӣ иҷоза надиҳанд", — омадааст дар хабар.
Ба ин тартиб, алайҳи чаҳор нафар аснод тибқи Қонуни нақзи муқаррароти ҳуқуқвайронкунии ҶТ таҳия шуда ва онҳо ҷарима шудаанд.
Ба ҷуз аз ин, нисбати даҳ нафари дигари ширкаткунандагони ҳамоиш маводд ҳуқуқвайронкунӣ таҳия шуда бо онҳо сӯҳбатҳо анҷом дода шуданд.