ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Аз 25 апрел то 25 июл барои се моҳ ҷоддаи Лермонтов аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ ба далели умури бозсозӣ масдуд мешавад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии шаҳрдории пойтахт.
Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки қисмати ин ҷоддаро ба манзури таъмини амнияти ҳаракати васоили нақлия, ки аз болои маркази таҷҳизоти обрав убур мекунанд, бозсозӣ кунад.
Ин марказ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ зери пули роҳи оҳан қарор дорад, омадааст дар хабар.
Қаблан гузориш шуда буд, ки барои бозсозии ҷоддаҳои мошингард ва гузаргоҳҳо шаҳрдории Душанбе қасд дорад 1,3 миллион сомонӣ (беш аз $200 ҳазор) масраф кунад.