Сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи як сафари корӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Темурмалик ва Данғара дидан кардааст.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23 апрел ба ноҳияи Темурмалик ва Данғара сафар кардааст, менависад сомонаи президент.

Сомона ҳадафи ин сафарро "шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои президент, инчунин бо рафти корҳои ободониву созандагӣ" унвон мекунад.

Боздиди кории раисҷумҳур дар марзи маъмурии ноҳияи Темурмалик оғоз ёфтааст.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамойиши 7-уми ҷаҳонӣ дар Куриёи Ҷанубӣ

"Сари роҳ ба боғи нави Дӯстӣ, ки ба тариқи ҳашари умумӣ дар майдони 8 га замин бунёд ёфтааст, таваҷҷуҳ шуд. Дар ин ҷо ниҳолҳои беҳтарин навъҳои содиротии зардолу, олу, олуболу, гелос, бодом, панҷ навъ себ ва чормағз шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ тайи 10 соли охир дар ноҳияи Темурмалик майдони боғҳои нав аз 320 гектар ба 890 гектар расонида шуда, танҳо дар се моҳи соли равон дар 126 га боғҳои нав бунёд ёфтааст", — менависад сомона.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки имконоти ноҳияи Темурмалик барои боз ҳам зиёд кардани майдони боғу токзор, аз ҷумла афзоиши истеҳсоли меваҳои содиротӣ ва ташкили корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле зиёд аст ва ин имконот бояд пурсамар истифода шаванд.

"Бо пешниҳод президент тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамин ҷо як чойхонаи сарироҳӣ ҳам бунёд ёбад, зеро мавзеи барои боғ интихобшуда хеле зебою дилнишин аст", — омадааст дар сомона.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар ҳамзамон роҳи навсозишудаи Данғара-Кангуртро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Лентаи хабарҳо
0