Сардиҳои баҳорӣ ба вилояти Суғд хисороти чандмиллионӣ расониданд

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкБарф дар рӯйи сабза. Акс аз бойгонӣ
Барф дар рӯйи сабза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардиҳои ғайримаъмулии баҳори имсол дар шимоли Тоҷикистон дар миқдори ҳосили ояндаи маҳсулоти кишоварзӣ асароти номатлуб гузоштанд, бештар аз ҳама боғот ва ангурзорҳои вилояти Суғд осеб дидаанд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сардиҳои моҳи март ва резиши барф ба бахши кишоварзии вилояти Суғд ба маблағи ҳудуди $90 миллион осеб расониданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба ҳукумати вилоят.

Сардиҳои баҳорӣ ва барфрезиҳо қисмати аслии ҳосили кишоварзӣ дар шимоли кишварро нобуд карданд — ин 39 ҳазор гектар боғҳои зардолу ва ангузорҳо ва ҳамчунин ҳудуди 7 ҳазор гектар замине, ки дар онҳо кишти баҳорӣ анҷом дода шуда буд.

Муъовини раёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобоҷон Домуллоев дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ тавзеъ дод, ки шимоли кишвар бо боғот ва ҳосили онҳо шӯҳрат дорад, ки барои онҳо ҳудуди 50 ҳазор гектар замин ихтисос шудааст.

"Боғот ва ангурзорҳо сахт осеб диданд ва сӯҳбат дар бораи ҳосили фаровон дигар имкон надорад", — гуфт вай.

Ҳамасола аз манотиқи шимоли Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор тонна хушкмева содирот мешавад. Русия масири асосии содирот аст ба ин кишвар умдатан зардолуи хушкшуда содир мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, дар пайи сардиҳои ахир на танҳо кишоварзон хисорот бардоштанд, балки тоҷироне, ки ба содироти тармева ва хушкмева машғуланд, низ осеб мебинанд.

Сардиҳои баҳорӣ ҳамчун ба коҳиши то 50% зарфияти корхонаҳои коркарди мева ва сабзавот мешавад, зикр мекунанд соҳибони ин корхонаҳо.
Ҳавои номусоид, ки ба кисмати бештари Осиёи марказӣ, аз ҷумла водии Фарғона, сарозер шуд, чаҳор шабонарӯз побарҷо буд. Он рӯзҳо дамои ҳаво дар қаламрави вилояти Суғд 12 дараҷа сард буд ва дар пайи ин амр муғчаҳои гулҳои бозшудаи бештаре аз дарахтон як бастанд.

Лентаи хабарҳо
0