ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи сешанбе ба қабри дастҷамъонаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум дар қабристони Донскойи Москав гулчанбар гузошт, хабар медиҳад маркази матбӯъотии сафорати Тоҷикистон дар ФР.
Ба манзури гиромидошти хотираи бунёдгузорони Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон сари қабри дастҷамъонаи №1 дар қабристони Донской, ки онҳо дар он ҷо дафн шудаанд, лавҳаи хотиравӣ гузошта шудааст.
Дар маросими гулгузорӣ бар пояи муҷассама кормандони масъули сафорати Тоҷикистон ва ҳамчунин коргардони маъруф Сафарбек Солиев, ки қасд дорад дар бораи ин қаҳрамонҳо филми мустанад ба навор бигирад, ширкат карданд.
Шириншо Шотемур (1899-1937), корманди давлатӣ ва ҳизбӣ. Дар рустои Поршнев (ҳоло ноҳияи Шуғнони ВМКБ) лар хонаводаи деҳқон таваллуд шудааст. Волидайнаш замоне, ки вай 8 сол дошт, фавтидаанд.
Шотемур яке аз мубтакирони таъсиси Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд ва барои ин мақсади худ миқдори зиёди нерӯ ва талошҳои худ масраф карда ва дар ниҳоят ҷони худро аз даст додааст. Шотемур нотарсона дар Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти умумиҷумҳуриявӣ масъалаи аз ҳайъати Ӯзбекистон ҷудо кардани Тоҷикистонро мекард.
Дар соли 1937 ба иттиҳоми сохтаи мушорикат дар созмони миллигарои зиддишӯравӣ дар Москав боздошт шуд. Вай ба ҳукми қат маҳкум шуда 27 октябри соли 1937 кушта шуд.
Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 сентябри соли 2006 ба вай унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шуд.
Нусратулло Махсум соли 1881 дар рустои Чашмаи Қизии ноҳияи Ғарм дар хонаводаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъд аз табдили Тоҷикистон ба ҷумҳурии комилҳуқуқи шӯравӣ вай яке аз раисони Шӯрои Маркази Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ (18 марти соли 1931 — 4 январи соли 1934) интихоб шуд.
Махсум 8 июли соли 1937 дар Москав боздошт шуда ба иттиҳоми таҳияи аъмоли зиддиинқилобӣ ба ҳукми марг маҳкум шуд.
9 сентябри соли 2006 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" (баъд аз марг) сарфароз шудааст.