ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 22-юми апрел бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ машварати корӣ доир кардааст, менависад сомонаи президент.
Дар зимн роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ низ ширкат доштаанд.
Дар машварат бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан вазъият дар Афғонистон, масъалаи таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.
Президент хостори беҳбуди омодагии низомиёни кишвар шуда, таъкид намудааст, ки дар сурати зарурӣ афроди эҳтиётии қувваҳои мусаллаҳ низ сафарбар шаванд.
"Доир ба вазъи таъмини амнияти сарҳади миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳадот дастур шуд, ки барои баланд бардоштани омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан қӯшунҳои сарҳадии кишвар ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз сафи эҳтиётиёни ба ҳайтаи шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дошта ва дигар сохторҳои низомӣ истифода бурда шавад", — менависад сомона.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа хамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда барои пурзур намудани мубориза бо он супоришҳои мушаххас додааст.