Вазири фарҳанги Русия: Марги Бахтиёр талафоти бузург аст

© Sputnik / Анастасия Петракова / Гузариш ба медиабонкРежиссёри синамо Бахтиёр Худойназаров. Акс аз бойгонӣ
Режиссёри синамо Бахтиёр Худойназаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Мединский аз даргузашти Бахтиёр Худойназаров изҳори андуҳ карда, гуфтааст, вай метавонист ҳоло корҳои зиёдеро ба анҷом расонад.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский аз даргузашти Бахтиёр Худойназаров изҳори андӯҳ кард, менависад РИА Новости.

"Бахтиёр Худойназаров чандон филми зиёде наофарид, вале ҳамаи онҳо ҷоизаҳои хеле зиёд гирифтанд, зеро самимона ва инсонгароёна буданд. Одилона нест, ки одамони ҷавон, ки ҳанӯз метавонистанд, корҳои зиёдеро анҷом диҳанд, талаф мешаванд", — гуфтааст Мединский.

Хабари даргузашти коргардони маъруф дар сафҳаи аввали чанде аз рӯзномаҳои Русия инъикос ёфта, садҳо нашрияи электронӣ ин воқеаро "талафоти бузурге барои синамои Русия" номидаанд. Дар ҳоле ки дар аксари ин хабару таслиятҳо Бахтиёр Худойназаров "коргардони русиягӣ" номида мешавад, бархе аз расонаҳо ӯро "шӯравӣ" ва танҳо теъдоди андаке "коргардони тоҷик" унвон кардаанд.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони тоҷик,даргузашти Бахтиёр Худойназаровро фоҷиаи бузург барои фарҳангу синамои тоҷик унвон кардааст. Вай дар суҳбат бо "Радиои Озодӣ" гуфтааст, "Бахтиёр ҳарчанд дар хориҷ кору фаъолият мекард, аммо ҳамеша бо ватан — Тоҷикистон мезист ва дилаш барои миллати тоҷик месӯхт".

Бахтиёр Худойназаров яке аз машҳуртарин коргардонҳои синамост, ки соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишкадаи кинематографияи Шӯравӣ дар Маскав соли 1989 бо филми "Братан" шӯҳрат ёфтааст. Филми дигари ӯ "Қош ба қош", ки соли 1993 бардошта шуд, дар ҷашнвораи Венетсия ҷоизаи "Шери нуқра"-ро гирифт.

Аз аввалин филмаш бо номи "Братан" Бахтиёр Худойназаров нишон дод, ки соҳиби сабк ва нигоҳи хоси синамоии худ аст. Ин сабк дар "Қош ба қош" рӯшантар ба назар расид, ҳарчанд дар вазъи душвори оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 наворбардорӣ мешуд. Дар бархе аз саҳнаҳои он нишонаҳои ин ҷанг, ҳаракати афроди мусаллаҳ ва зиреҳпӯшҳо ба мушоҳида мерасад, ки коргардон онҳоро бадоҳатан ба навор гирифт ва ба матни филм ҳамроҳ кард. Ба сурати умум ғуссаи сахт аз вазъи ватанаш оҳанги ботинии ин филмро ташкил додааст.

"Дар интизори баҳр" асари шашуми Бахтиёр Худоназаров буд, ки ҷашнвораи соли 2012-и Румро оғоз бахшид. Худоназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми "Братан", "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ", "Шик" ва "Танкери Танго"-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худоназаров "Падари моҳтобӣ" аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалиро гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0